НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: то соли 2022 ҳамаи агрегатҳои НБО «Қайроққум» таҷдид карда мешаванд

Февраль 8, 2018 08:59

ХУҶАНД, 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2022 ҳамаи шаш агрегати Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» таҷдид карда мешаванд. Доир ба ин ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шабакаҳои барқии вилояти Суғд директори Шабакаҳои барқии вилоят Тӯра Атамов зимни нишасти матбуотие, ки  7 феврал оид ба натиҷаҳои соли 2017 баргузор гардид, ба хабарнигорон иттилоъ дод. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар соҳаи энергетикаи вилояти Суғд як зумра лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор доранд. Яке аз онҳо лоиҳаи таҷдиди НБО «Қайроққум» мебошад, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Навсозии НБО-и мазкур дар ду марҳила амалӣ мегардад. Дар марҳилаи аввал ивази ду агрегат пешбинӣ шудааст, ки маблағи корҳои иҷрошаванда 75,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи дуюм 4 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳ иваз карда мешаванд. Дар айни замон дар НБО ҳамаи 6 агрегат кор мекунанд. Маблағи умумии лоиҳа, ки давоми 6 сол татбиқ мешавад, 170 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки таҷдиди ҳамаи агрегатҳои НБО «Қайроққум» имкон медиҳад истеҳсоли неруи барқ дар иншооти мазкур то 38 дарсад зиёд шавад ва вазъи таъмини аҳолии вилоят бо неруи барқ ба таври назаррас беҳтар гардад.

Вобаста ба ҷанбаи истеҳсоли ҷории НБО-и мазкур Тӯра Атамов зикр намуд, ки соли 2017 НБО «Қайроққум» 852,9 млн. кВт/соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки ин нишондод нисбат ба нақша 17,9 млн. кВт/соат зиёд мебошад. Дар баробари ин, таъмири асосии муҳаррики обии (гидрогенератор) №6, таъмири ҷории 5 муҳаррики обии дигар (гидрогенератор), трансформаторҳои қудратӣ, таҷҳизоти асосии барқӣ, насосҳои технологию обёрӣ ва кранҳои борбардор анҷом дода шуд. Аз ҷумла, 1264 км хатҳои барқии ҳавоии 0,4-20 кВ, 165,3 км хатҳои барқии ҳавоии 35-110 кВ, 51 км хатҳои кабелии шиддаташон 0,4-6 кВ, 309 адад трансформаторҳои дорои иқтидори 6-10 кВ, 870 адад истгоҳҳои трансформатории 6-2 кВ ва таҷҳизоти барқии 35-220 кВ таъмир карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бунёди НБО «Қайроққум» ҳанӯз солҳои 40-уми асри гузашта тарҳрезӣ шуда, он соли 1957 мавриди истифода қарор гирифт. Имрӯз неругоҳи мазкур ягона иншооти истеҳсолкунандаи неруи барқ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. НБО «Қайроққум» бо мақсади истеҳсоли неруи барқ ва обёрӣ бунёд гардид, вале бинобар сабаби норасоии неруи барқ дар минтақа иншооти мазкур дар фаслҳои зимистону баҳор бо мақсади таъмини неруи барқ ва дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бо мақсади обёрӣ истифода мешавад. Иқтидори неругоҳ, ки аллакай давоми 61 сол фаъолият дорад, 126 МВт-ро ташкил медиҳад.

 

Февраль 8, 2018 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд