БАҲОР МЕРАСАД! Дар Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ карда шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.
Имрӯз, 28 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ шабона 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефрояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






