Профессор Лутфия Раҷабова: ба ӯ муяссар гардид, ки илми зани тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад
ДУШАНБЕ, 11.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ҷашн гирифта мешавад. Ин ид на он қадар таърихи тӯлонӣ дошта, аз соли 2016 инҷониб бо мақсади дастрасии баробари занону духтарон ба илм бо баргузор намудани ҳамоишу конфронс ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ-оммавӣ таҷлил карда мешавад.
Таърихи пайдоиш ва таҷлил гардидани ин ид аз 20 декабри соли 2013 сарчашма мегирад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Илм, техника ва навоварӣ ба хотири рушд»-ро қабул намуд. Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз 2 марти соли 1992 узви он мебошад, дар заминаи қатъномаи мазкур 15 декабри соли 2015 лоиҳаи қатънома «Дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» — ро қабул намуд. Лоиҳаи мазкур якчанд маротиба таҳрир гардида, дарвоқеъ аз ҷониби давлатҳои аъзо ба таври мукаммал пешниҳод гардид ва 22 декабри соли 2015 дар ҷаласаи навбатии СММ қабул карда шуд.
Дар робита ба имконият ва дастрасии занону духтарон ба илм, заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, нақши илм дар ҳаёти занону духтарон ва рушди устувори ҷомеа хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз занони сарсупурдаи роҳи илми миллати тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика Лутфия Раҷабова, ки имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон фаъолият дорад, ҳамсуҳбат шуд.
АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудани духтарон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта буд. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон давра то ба имрӯз барои рафъи ҳолати мазкур тадбирҳои таъхирнопазир андешид. Аз соли 1997 шурӯъ намуда, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, бахусус аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ҳама макотиби олии мамлакат квотаи махсуси президентӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин маврид Шумо чӣ гуна андеша доред?
Лутфия Раҷабова: Бале, шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то ба имрӯз пай дар пай аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби духтарону занон ба илм ва таҳсил тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабул гардидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ дар мамлакат дар соҳаи илм барои ҷалб ва дастгирии ҷавонондухтарон ба илм замина фароҳам овард. Имрӯз он сиёсате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда истодааст, пеш аз ҳама, барои дастгирии ҷавонони болаёқат ва онҳое, ки илму дониши ба талабот ҷавобгӯ доранд, равона карда шудааст.
Дар соли таҳсили 2017-2018 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ 1227 ҷой тариқи квотаи президентӣ ҷудо гардид, ки аз он 629 ҷой барои духтарон ва 598 ҷой барои писарон мебошад. Аз ин теъдод мутаносибан 497 ҷой ба вилояти Хатлон, 302 ҷой ба вилояти Суғд, 154 ҷой ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 274 ҷой барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон як муддати муайян таваҷҷуҳи падарону модарон ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифта шудани духтарон камтар буд ва пас аз он, ки пай дар пай аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳсили духтарон имтиёҳои зиёд пешбинӣ карда шуданд, ин раванд тадриҷан кам гардида, таваҷҷуҳи онҳо ба илмомӯзӣ ва соҳибкасб гардидани фарзандонашон беҳбудӣ ёфта, ҳоло дар ҳоли афзоиш мебошад.
Пас аз соли 2014, ки қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, маълум гардид, ки теъдоди духтарҳое, ки ба муассисаҳои олии касбӣ дохил мешаванд, боз ҳам зиёдтар гардиданд, зеро ин аллакай як раванди шаффоф аст ва падару модарон дарк карданд, ки фарзандони онҳо ба яке аз 12 интихоби кардаашон, ки сатҳи дониш ба талабот ҷавобгӯ бошад, муваффақ мешаванд.
Дар ин самт ман метавонам ҳамчун нафаре, ки солҳои зиёд дар мактабҳои олии мамлакат фаъолият кардааст, инро зикр кунам, ки имрӯз имтиёзҳо на танҳо дар вақти таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешаванд, балки он нафароне, ки ба воситаи квотаи президентӣ ба муассисаҳои мазкур дохил мешаванд, албатта, бо стипендия таъмин мешаванд, аз ҷониби буҷаи давлат таҳсил мекунанд ва пас аз хатми донишгоҳ дар маҳалли худ бо кор таъмин карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Оид ба таваҷҷуҳи духтарону занон ба зинаҳои дуюму сеюми таҳсил, яъне машғул шудани онҳо ба корҳои илмӣ чӣ гуфтаниед?
Лутфия Раҷабова: Имрӯз анъанаи халқи мо ин аст, ки дар вақти таҳсил ва ё баъди хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ духтарон бояд оиладор шаванд. Вақте ки онҳо оиладор мешаванд, аллакай дар инҷо дар як вақт ҳам таҳсил кардан дар зинаи дуюми таҳсилоти олӣ, яъне дар аспирантура ё магистратура барои дарёфт кардани дараҷаи илмии доктор PHD ё доктори илмҳо аз тарафи корҳои оиладорӣ масъулияти зиёд талаб мекунад. Дар баробари ин на ҳама вақт оилаҳои онҳо барои таҳсилашон дар зинаҳои мазкур мусоидат мекунанд. Агар дар асл гӯем, имкониятҳо барои таҳсил дар зинаҳои баъди маълумоти олии касбӣ ниҳоят зиёданд. Зеро дар ин самт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҷалб намудани нафароне, ки магистратураро хатм карда, таҳсил дар зинаҳои болоии он, яъне докторантура аз рӯи ихтисос интихоб менамоянд, тадбирҳои зиёд андешида шудааст. Аз ҷумла, онҳо бо хобгоҳ таъмин гардида, бо стипендияи хуб таъмин карда шудаанд, ки ин стипендия нисбат ба моҳонаи асистентон зиёдтар аст.
АМИТ «Ховар»: Дар мамлакати мо дар муқоиса бо дигар давлатҳо чӣ гуна имкониятҳо барои ворид шудан ба илм ё таҳсил маҷуданд?
Лутфия Раҷабова: Ҳаминро гуфтаниям, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ квотаи махсуси президентӣ барои ҷавонони болаёқат, махсусан барои духтарон ҷорӣ карда шудааст, ки дар дигар мамлакатҳо ин таҷриба вуҷуд надорад. Яъне ин аллакай муқоисаи калон мебошад ва он нафароне, ки болаёқатанд, ба ин квотаҳо дастрасӣ пайдо мекунанд.
Ин ниҳоят сиёсати дурбинона аст, ки аз ҷониби Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва татбиқ гардида истодааст.
Барои он ки вақте духтароне, ки бо ин роҳ соҳиби маълумоти олӣ мешаванд, пас мувофиқан онҳо ба маҳалли зисти худ рафта, бо донише, ки доранд, дар ҷамъият нақши фаъолона мебозанд. Вақте ки духтар соҳиби маълумот аст, тарзи оиладорӣ ва тарбияи фарзанди он куллан фарқ мекунад. Аз ҷониби дигар, барномаҳои давлатие, ки барои дастгирии занону духтарони фаъол пешбинӣ карда шудаанд, ин ҳам дастгирии духтарон ва занон мебошад, зеро дар он ҷое, ки зан ҳаст, ободӣ ҳаст. Чунин барномаҳои дастгирии занону духтарон дар дигар давлатҳо мавҷуд нестанд.
АМИТ «Ховар» Парлумони Тоҷикистон, махсусан Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ки дар самтҳои муҳими қонунгузории мамлакат нақш мегузорад, барои боз ҳам беҳтар гардидани қонунгузории мамлакат ба хотири рушди илм чӣ тадбирҳо андешида истодааст?
Лутфия Раҷабова: Он қонунҳое, ки бевосита ба Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дахл доранд, инҳо пеш аз ҳама, Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти томактабӣ” ва як қатор қонунҳои дигар мебошанд, ки амал мекунанд. Агар мо ин қонунҳоро дар умум бинем, пеш аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳамаи қононҳои болозикр низ қонунҳои демократӣ мебошанд. Мувофиқи Конститутсия дар давлати мо зану мард баробарҳуқуқ мебошанд, мардҳо дар вақти ба таҳсилот машғул шудан имтиёзе нисбат ба занон надоранд ва пеш аз ҳама, ин ба фаъолнокии худи духтарон ва падару модари онҳо вобаста аст. Афсӯс, ки анъанаи халқи мо ин аст, ки дар вақти соҳиби илм шудан ва дохил шудан ба макотиби олӣ мо бештар ба писарони худ имтиёз медиҳем. Пеш аз ҳама, мехоҳем, ки писарони мо соҳибмаълумот бошанд, аксаран дар ноҳияҳо ва маҳалҳо ба соҳибмаълумот шудани духтарон он қадар аҳамият намедиҳем ва ин раванд ҳоло ҳам ҷой дорад. Сабаби асосии он ки шумораи духтарони дар макотиби олӣ таҳсилкарда нисбатан камтар аст, ҳамин мебошад ва он пеш аз ҳама, аз оила вобаста аст.
Масъалаи аз ҳама асосӣ ин аст, ки соҳибмаълумот шудани духтарон боиси кам гардидани пошхӯрии оилаҳои ҷавон гардида, насли ояндаи миллат бо тамоми меъёрҳои имрӯзаи дар зиндагӣ мавҷуда ба воя мерасад.
АМИТ «Ховар»: Медонем, ки Шумо дар конгрессҳои ҷаҳонӣ иштирок намуда, илми тоҷикро муаррифӣ намудаед…
Лутфия Раҷабова: Бале, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ман ҳамчун як олима –доктори фанҳои физикаю математика имконият пайдо намудам, ки илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоям. Аз ҷумла, бо маърӯзаҳои илмӣ соли 2009 дар шаҳри Лондон дар конгресси Исаак, соли 2011 дар ҷазираи Мартиникаи давлати Франсия, соли 2016 дар конгресси ҷаҳонии математикон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баромад кардам, ки ин ҳама шаҳодат аз сиёсатест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди бемайлони илми тоҷик татбиқ намуда истодааст.