Раҷаббой Аҳмадзода: «Вазъи корхонаҳои бозистода омӯхта шуда, бояд онҳо дубора ба кор дароварда шаванд»

Февраль 7, 2018 16:16

ХУҶАНД, 07.02.2018. /АМИТ  «Ховар»/.  Вазъи он коргоҳҳои калону миёнае, ки солҳои пешин  хусусӣ гардонида шуда, вале дар давоми чанд соли охир тамоман  фаъолият накардаанд, бояд аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроиявии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута пурра омӯхта шуда, масъалаи дубора ба кор андохтани онҳо ҳал карда шавад. Ин нукта зимни нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо иштироки 80 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гашт, зикр гардид.

Ба иттилои роҳбари вилоят,  соли гузашта аз 590 адад коргоҳҳои саноатии вилоят 72 ададашон фаъолият накарданд, ки шумораи бештари онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Гулистон, Бӯстон, Зафаробод, Ҷ.Расулов воқеанд.  Дар ин замина, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, саноатчиён ва соҳибкорону соҳибмулкони ин коргоҳҳоро  зарур аст, ки давоми соли 2018 барои фаъол гардонидани коргоҳҳои аз кор бозмонда кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ин имкон медиҳад, ки соҳибкорони вилоят баробари дубора ба кор андохтани ин коргоҳҳо дар самти афзоиши маҳсулоти саноатӣ ва ташкили коргоҳҳои нав муваффақ гарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин зикр намуд, ки новобаста аз фаъолият бозмондани ин шумора коргоҳҳо соли 2017 дар миқёси вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2016  131,5 фоизро ташкил дода, он ба 9,9 миллиард сомонӣ баробар гардид. Саҳми тавозуни вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ  50 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон соли 2017 дар қаламрави вилоят 84 корхонаи нав бунёд гардида, 1479 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, дар самти содироти маҳсулот  низ натиҷаҳо  назаррасанд. Аз ҷумла, истеҳсол ва содироти семент ва маъдан бештар буда, ҳаҷми фурӯши семент дар бозорҳои беруна ба 248,2 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 6,2 млн. доллар зиёд мебошад.  Инчунин воридоти орд ва содироти пахта низ ҳамчун ашёи хоми саноатӣ  коҳиш ёфтааст, ки ин нишондод аз вусъати раванди коркарди пурраи ин ашёи хом дар ҳудуди вилоят дарак медиҳад.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ  Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ  ба 38 нафар ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2017» ва ҳамчунин се нафар собиқадори соҳаи матбуот Файзулло Атохӯҷаев, Муҳаррам Юсуфова ва Мирзоҳамдам Шариф  диплом ва мукофотпулӣ супорид.

Февраль 7, 2018 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»