Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони деҳоти дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кумаки моддӣ расонд
РӮШОН, 1.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Сада, ки яке аз қадимтарин идҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ба сокинони деҳоти дурафтодаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кумаки моддӣ расонд. Дар ин бора хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ВМКБ Файзи Мирҳасан хабар дод.
Раиси ҷамоати деҳоти Савноби ин водӣ Малабек Малабеков аз кумаку ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳоти дурдасти водии Бартанг изҳори сипос намуда, гуфт, ки “сокинони водӣ дар як муддати кӯтоҳ бартараф сохтани оқибатҳои заминҷунбии соли 2015 дар деҳаи Ғудараи ин ҷамоатро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бар асари ин офати табиӣ 32 хонавода аз манзилашон маҳрум гаштанд. Ин ҳодиса дар фасли зимистон, дар фасле, ки бар асари сангчарху тармафуроӣ роҳҳои мошингард зуд-зуд баста мегарданд, рух дод. Сарфи назар аз ин, бо супориши Пешвои миллат аксари роҳбарони сохторҳои марбута савораву пиёда худро ба ин деҳа расонданд. Хисороту зарари расондаи зилзиларо муайян ва маълумотро ба ҳукумати мамлакат пешниҳод карданд. Рӯзи дигар кумакҳои аввалини тиббӣ ва маводи ғизоӣ тавассути чархболҳо интиқол дода шуданд. Дар бозгашт ба воситаи ин чархболҳо беморон, кӯдакону шахсони барҷомондаро ба маркази ноҳия интиқол доданд. Дар як муддати кӯтоҳ 32 хонаи нави истиқоматӣ бо тамоми шароити зиндагӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Роҳу кӯпрукҳои мошингарди ин водӣ бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмиру аз нав сохта шуданд. Ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд”.
Раиси ҷамоати мазкур гуфт, ки зимистони имсола агарчӣ камбарф аст, аммо ҳаво хеле сард буда, сокинон бештар ба маводи сӯхт ниёз доранд. Инро ба инобат гирифта, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар баробари кумаки ғизоӣ, ҳамчунин барои сокинони деҳоти дурдаст 30 тонна ангиштсанг фиристод.
Ин барои бошандагони ҷамоати деҳоти Савноби водии Бартанг кумаки хеле зарурӣ ва саривақтӣ буда, пиру барнои ҷамоат ба ӯ изҳори сипос менамоянд.








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






