СИПОҲИЁНИ ВАТАН. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатии кишвар мебошанд

Февраль 22, 2018 18:42

ДУШАНБЕ, 22.02.2018./АМИТ «Ховар»/. «Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми   шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд», — иброз доштаанд      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  Барҳақ чунин аст: имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои ободтарин ва амнтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Вале то ба чунин рӯзи фараҳбахш расидан  миллат ва давлати мо санҷишҳои зиёд ва сахту сангини таърихро паси сар намуданд. Дар ин бора  рӯзноманигор Завқибек ПӮЛОДЗОДА чунин ёдовар мешавад:

Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардидан ҷанги таҳмилии хонумонсӯзро аз сар гузаронид, ки онро касе аз хонадони тоҷику тоҷикистонӣ интизор набуд. Талафоти ҷонӣ, хисороти иқтисодӣ, харобкорӣ, оворагӣ ва ҳамаи он бесарусомоние, ки он солҳо  ба сари миллати соҳибтамаддуни тоҷик омада буд, аз ҷониби бадхоҳони миллат ва берун аз ҳудуди кишвар тарҳрезӣ ва идора мегардид.

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баробари Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя низ соҳибистиқлол гардиданд. Вале баъди соҳиб шудан ба ин неъмати бебаҳо миллати тоҷик ба озмоиш ва имтиҳони сахту сангин рў ба рў шуд. Дар ҳоле, ки кишварҳои ҳамсоя баробари соҳибистиқлолӣ аз  пайи ободкориву созандагӣ камари ҳиммат баста буданд, аммо  тоҷикон дучори фалокате гардиданд, ки  ҳам шикасти маънавӣ ва ҳам моддиро ба дунбол дошт.

Чуноне, ки аз таърих маълум аст, душманони миллати тоҷик пешравӣ ва шукуфоии ин халқи фарҳангсолорро дидан намехостанд. Маҳз бузургии ин миллати соҳибтамаддун буд, ки  баъди ҳазор соли парешонӣ боз соҳиби истиқлол гардид.

Душманони миллат ҷанги хонумонсӯз, ҷанги  харобкору шумро дар кишвари тозаистиқлол роҳандозӣ намуданд, ки сарзамини тоҷикон ба хун оғушта гашта,  миллати заҳматкаши он дар ҳоли парокандагӣ қарор гирифт.

Бадхоҳони миллати тоҷик андешаи ба порчаҳо тақсим намудани ин мулки ободро доштанд. Аммо хиради азалӣ, муттаҳидии миллати тоҷик ва фарзандони шуҷои Ватан буд, ки тири душман хато хўрд ва мо дубора эҳё шудем. Дар чунин вазъи ҳасос ташаббускор ва сарҷамъкунандаи миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар тақдири аксар халқу миллатҳои истиқлолталош бинобар набудани шахсияти барҷаста, пешвои тавонои бо нангу бо ифтихор, ки тавонад ҷунбишҳои мардумиро ҷониби фардои нек роҳбаладӣ намояд, пирўзиро аз даст додаанд.

Хушбахтона, дар таърихи навини миллати фарҳангпарвари тоҷик аз миёни худ шахсияти беназиреро ба майдони сиёсат баровард, ки дар муборизаҳои шадид бо нерўҳои дохилу хориҷ ниятҳои нотавонбинонаи бадхоҳонро барҳам зада, ворисони Сомониро баъди ҳазор соли ноумедӣ боз соҳиби давлату давлатдорӣ гардонид.

Тавонотарин шахсияти сиёсие, ки таърихи куҳанбунёд ва фарҳанги қадимаи миллати покниҳоди тоҷик дар даврони навин ба арсаи сиёсати ҷаҳон овард, бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеияти собитгардида Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори муҳимтарин масъалаҳои пешбурди ҷомеа ва бо ҷалби содиқтарин фарзандони сарзамин, мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияту сарҳадбонӣ ба таъсису таҳкими нерўҳои мудофиавӣ талоши амиқ ба харҷ дод. Дар шароити мавҷуд набудани оддитарин воситаҳои техникиву аслиҳаи низомӣ Ҳукумати Тоҷикистон ба бунёди Артиши миллӣ, чуноне мегӯянд,  аз сифр оғоз кард.

Талошҳои Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳ  дар натиҷаи ба вуҷуд овардани  стратегияи мушаххаси мубориза ва таъмину такмили нерўҳои мудофиавӣ самраи нек ба бор оварданд.

Бо назардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади  ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ бо қарори раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 18 декабри соли 1992  роҳбарии фаврии вазорату идораҳои интизомӣ ба уҳдаи Сарвари давлат, Раиси ҳамонвақтаи  Шўрои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Раванди минбаъдаи ҳодисаҳо нишон дод, ки Пешвои миллат   дар идораи мутаммаркази нерўҳои ҳарбию низомӣ, истифодаи тактика ва стратегияи воҳиду сохторҳои низомӣ, маҳорати баланду дониши амиқи баҳодиҳӣ ба вазъияти мавҷудаи ҳарбӣ ва интихоби роҳи ҳалли муваффақиятноки он комилан бархурдоранд.

18 декабри соли 1992 қарори раёсати ШОҶТ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили артиши миллиро фароҳам овард. Аввалин гузашти низомӣ бо иштироки афсарону сарбозони Артиши миллии кишвар 23-юми феврали соли 1993 баргузор гардида, ба тавлиди рўзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос гузошт.

Имрўз Тоҷикистон аз ободтарин ва амнтарин давлатҳои соҳибистиқлоли ИДМ маҳсуб меёбад. Вале то ба ин рӯз расидан  ин миллату давлат чӣ рӯзҳои вазнинеро  аз сар гузаронидааст, ки таърихи инсоният онро фаромӯш карда наметавонад.

Ҳамин сипоҳиёни Ватан ҳастанд, ки мо ором мехобем ва аз ин лаззати тинҷиву оромӣ мечашем ва мегӯем, ки шукри обу хокат мекунем, шукри амну суботат мекунем, шукри як пораи нонат мекунем, эй Ватан — Тоҷикистони соҳибистиқлоли ман.

Имрўз ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин тинҷиву оромӣ биресем ва шукргузор аз ин неъмат бошем, ки ӯро Истиқлол ном аст.

Аз тариқи ВАО маълум аст, ки дар миқёси олам имрўзҳо чӣ таҳаввулоте руй дода истодааст. Ҳар рӯзу ҳар соат даҳҳо нафар мемиранду бе ному нишон мешаванд. Баъзе аз давлатҳои абарқудрат рӯ ба нестӣ оварда, ба порчаҳо тақсим шуда истодаанд.

Бубинед, имрӯз дар ин ё он гӯшаи ноороми дунё мо  нақши ҳамон «услуби» ҷанги таҳмилиеро мушоҳида мекунем, ки душманон ва бадхоҳон дар аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба сари миллати мо  таҳмил намуданд. Ин  ҳамон нақши қувваҳо ва гурӯҳҳоест, ки ба ободии як мулки дигар манфиатдор нестанд ва кӯшиш мекунанд, ки оромию суботро дар ин ё он гӯшаи олам барҳам зананд, то ки ба  аҳдофи нопоки сиёсию ҳудудию молии худ бирасанд.

Сад шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуд ва имрўз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориву созандагист.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш  беш аз пеш   ободтару  шукуфонтар мегардад.

Ҷашн муборак,  сипоҳиёни Ватан!

 

 

 

 

Февраль 22, 2018 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо ситораҳои футбол!
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон барои омодагӣ ба Конфронси пиряхҳо дар мулоқоти Гурӯҳи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли СММ баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад
Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷамъомади идона доир шуд
Нақш ва ҷойгоҳи Конуститутсия дар эъмори давлатдории миллӣ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Москва Форуми «Мактаби байналмилалии сафирони фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи технологияи пурқувват ва пешрафта иштирок намуд
Ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт барномаҳои идона доир шуданд