СОДИҚЕМ БАР ВАТАН! Хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша ба Президенти Тоҷикистон, халқу Ватан ва савганди худ содиқанд!

Февраль 23, 2018 13:32

Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад.                                                                  

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 23.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди ватанамон мебошад. Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Ин матлабро муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Асрор ЛАТИФЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

18 декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шўрои Олӣ дар бораи таъсиси  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.  Баъди ба истиқлолият  расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бобати ташкил намудани Артиши миллӣ баъзе кўшишҳо ба харҷ дода шуданд, вале нооромиҳои  сиёсии мамлакат барои амалӣ гаштани он  имконият надод.

Ҳамин тариқ, дар он рўзҳои басо ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси  Қувваҳои Мусаллаҳ  ягон заминаи воқеӣ мавҷуд набуд. Вазъи ноороми сиёсӣ, касодии иқтисодӣ, нарасидани кадрҳои соҳибихтисос, техника ва силоҳу аслиҳаи ҷангӣ, хўрокворӣ ва либосворӣ пайваста эҳсос мешуд.  23 феврали соли 1993 аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид.

Ба андешаи Асрор Латифзода, Артиши миллӣ дар зарфи 25 соли мавҷудияти хеш  ташаккул ва обутоб ёфта, маҳорати баланди ҷангиро доро гардид. Зимни нақшаҳои тарҳрезишуда сохтмони Артиши миллӣ зина ба зина сурат гирифт.

Аз ҷумла, таъсису омодасозии неруи низомие, ки қодир ба иҷрои амалиёти ҷангӣ бошад ва истиқлолу якпорчагии кишварро ҳифз кунад (1995-1997), такмили сохтории артиш, ташаккули минбаъдаи қўшунҳо, мукаммалгардонии онҳо (1998-2000), такмили қобилияти ҷангӣ, интизоми ҳарбӣ ва дар ин замина баланд бардоштани омодагии ҷангӣ (аз соли 2001 то ҳозир), ки тавассути барномаҳои мазкур то ҳол пойгоҳи моддию техникии ҷузъу томҳои вазорат рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.

Ба иттилои муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тӯли 25 соли фаъолияти худ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 53 давлати ҷаҳон робитаҳои ҳарбӣ барпо намуда, аъзои қариб 10 ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии низомиву сиёсӣ гардидааст. Дар  давоми фаъолияти чандинсола зиёда аз 100 созишномаву аҳдномаҳо, протоколҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ омода гардида, ба имзо расонида шуданд.

Асрор Латифзода аз ҳодисоти баамаломадаи рӯзҳои охир дар саросари ҷаҳон  сухан гуфта, изҳор намуд, ки  мо бояд ҷиҳати ба талаботи рўз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии  ҷангӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин замина иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам баланд бардорем. Ҳамзамон зарур аст, ки дар доираи ҳамкории байналмилалӣ гузаронидани машқҳои муштарак баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ба нақша гирифта шавад. Дар мадди аввал, мо бояд ҳайати шахсиро дар рўҳияи пурифтихору ибратомўзи таърихи миллати  фарҳангиву  сулҳдўст, ободгару созандаи тоҷик ва шахсони аз таърихи ҷангии ниёгони  худ огоҳ ва  ҳушёру зирак тарбия  намоем.

Ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки бо дарки масъулияти баланд хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ,  ба халқу Ватан ва савганди худ содиқ буда, вазифаҳои хизматии худро софдилона иҷро менамоянд ва  баҳри ҳимояи сулҳу субот ва марзу буми он ҷони худро дареғ намедоранд. Ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа анъанаҳои пуршарафи  ҷангии ниёгонамонро идома дода, бо  омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ  ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона пешвоз мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр намуданд: “ Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон- ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем”.

 

                                                                                     Файзалӣ НИЁЗОВ,

АМИТ «Ховар»

 

Февраль 23, 2018 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад