Сооронбой Жээнбеков: «Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд»
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Мо тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дарозмуддатро муҳокима ва ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Мо масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ, инчунин робитаҳоро дар соҳаи обу энергетика муфассал муҳокима намудем», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба суханони Сооронбой Жээнбеков, илова бар ин, масъалаҳои марбут ба тақсимот ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баррасӣ карда шуданд ва дар натиҷа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корро дар ин самт идома медиҳанд.
Сооронбой Жээнбеков зикр намуд, имсол дар Қирғизистон 90-солагии Чингиз Айтматов, ки дар Тоҷикистон ӯро хуб мешиносанд ва осорашро мехонанд, таҷлил карда мешавад. Чанде аз асарҳои ӯ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Мо умедворем, ки ҷониби Тоҷикистон дар чорабиниҳо фаъолона иштирок менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Қирғизистон сафари расмии ҷавобӣ анҷом диҳад.








Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид






