Профессор Аслиддин Низомов: «Зиёии асил Устод Айнӣ мебошад, ки дар душвортарин шароити Аморати Бухоро ба воя расид, вале ҳеҷ гоҳ хурофотпараст нашуд»
ДУШАНБЕ, 18.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Ҳамасола дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз чун рамзи неки наврӯзӣ мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар доир мегардад. Бояд гуфт, ки эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи