22 МАРТ-РӮЗИ ГӮШТИНГИРОН: вақти он расидааст, ки гӯштини миллии тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун моли тозаи миллати тоҷик шинохта шавад

Март 22, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 22.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми тантанаҳои идонаи наврӯзии соли 2016 дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод намуд, ки минбаъд ҳамасола дар кишвар 22 март Рӯзи гӯштингирон, 23 март Рӯзи аспдавонон ва 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.

Бояд зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлоли кишвар бозиҳои миллии халқи тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, балки дар идҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо иштироки паҳлавонони хориҷ баргузор карда мешаванд. Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки таърихи онро ба пайдоиши миллати тоҷик рабт медиҳанд. Мардуми тоҷик дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон барпо мекарданд.

Гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъана ҷашни Наврӯзро шаҳомати дигар мебахшид. Ягона варзиш ё худ анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Гӯштингирӣ ё худ гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта қувваозмоӣ кардан) бармеояд.

Устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Баҳриддинов мегӯяд, ки паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ баромада, маҳорати худро ба дигарон пешниҳод мекард, аз азал миёни мардуми тоҷик маҳбубияти хоссаро доро буд. Дар замонҳои пеш дар сари сол паҳлавонон ба се гурӯҳ тақсим шуда, миёни ҳам қувваозмоӣ мекарданд ва он паҳлавоне, ки дастболо мешуд, қариб як як сол ӯро эҳтирому қадрдонӣ карда, ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Бо нияти нек ба навзодон номи ӯро мегузоштанд. Ин аънъанаҳо имрӯз ҳам дар баъзе гӯшаву канори мамлакат роиҷ ҳастанд. Агар дар замонҳои пеш барои паҳлавонони сол як ҷомаи подшоҳӣ ва дигар туҳфаҳо тақдим мешуд, имрӯз бошад, гӯштингирони номӣ бо мошинҳои сабукраву туҳфаҳо қимматбаҳо қадрдонӣ карда мешаванд, ки ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз давлату ҳукумати мамалакат барои эҳё гардидани бозиҳои миллӣ таваҷҷуҳи беандоза доранд.

Бино ба нақли устоди варзиш, Наврӯз паҳлавононро бо ҳам ҷамъ меовард. Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Аслан паҳлавонон дар болои сабзаи наврӯида бо пойҳои луч баромада қувва месанҷиданд.

Мутахасиси соҳа бар он назараст, ки сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо аз ҷумла, дар ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ истифода мешавад. Асосгузорони ин намудҳои гӯштин аз усули гӯштини тоҷикӣ истифода бурда, гӯштинҳои худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ муаррифӣ намуданд.

«Қаҳрамони номдори тоҷик шодравон Саидмуъмин Раҳимов аввал аз гӯштини миллии тоҷикӣ шурӯъ кард ва сипас, ба намуди гӯштини самбо гузашт ва тавонист, ки бо рақабатҳои зиёд бо паҳлавонони шинохтаи ҷаҳонӣ дастболо шавад. Яъне ин ҷаҳонпаҳлавон аз усулу тактикаи гӯштини миллии қадимаи тоҷикон дар намуди самбо истифода карда, паҳлавонони ҷаҳониро мағлуб кард. Соли 2017 дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Беҳрӯз Хоҷазода, ки ӯ ҳам тамринро аз гӯштини миллии тоҷикӣ оғоз кардааст, пирӯзии қаҳрамони номдори тоҷик Саидмуъмин Раҳимовро такрор кард. Вай бо ин пирӯзӣ нахустин бор пас аз 42 сол Парчами Тоҷикистонро бар фарози ҷойгоҳи қаҳрамонони самбо барафрохт»,-гуфт номбурда.

Дар мавриди гӯштини миллии тоҷикон мутахассисони соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доштанд. А. Адрев, сармураббии тими якачини Иттиҳоди Шӯравӣ паҳлавонони тоҷикро ҷудокорони тайёр ном бурдааст. Дар маҷаллаи «Физкултура и спорт» мақолае зери унвони «Гӯштингирӣ бародари самбо» аз чоп баромада буд, ки паҳлавонони тоҷикро бо усулҳои истифодабурдаашон дар гӯштини миллӣ баҳои баланд додаанд. Е.М. Чумаков ва А. Олимов, мутахассисони варзиш паҳлавонони гӯштини тоҷикиро самбочиёну ҷудокорони тайёр унвон кардаанд ва ин намуди гӯштинро василаи хуби омода намудани паҳлавонон дар дигар намудҳои гӯштин арзёбӣ намудаанд.

Гӯштини самбо, ки бо истиснои баъзе усулҳои озорбахш ба гӯштини миллии тоҷикӣ монанд аст, ба ин монанд: «гюлеш»-и озарӣ, «кохе»-и арманӣ, «курес»-и қазоқӣ, «тринте»-и молдавӣ, «гореш»-и туркманӣ, «чидаоба»-и гурҷӣ, «кураш»-и ӯзбекӣ ва бисёр гӯштинҳо дар мусобиқаҳо бо қоидаҳои асосӣ, пӯшидани либос ва бастани миёнбанд мавҷуд аст.

Саидаҳмад Баҳриддинов аз таҷрибаи чандсолаи худ натиҷагирӣ намуда, ба хулосае омадааст, ки дар ҳамаи намудҳои варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ варзишгар бояд дорои панҷ сифати ҷисмонӣ- чолок, чақон, чандир пурқувват ва босабр бошад, вагарна муваффақ намешавад. Ба хотир меорад: «Вақте дар толори «Динамо» бо С. Раҳимов тамрин мекардем, аз мо дарси санҷишӣ гирифтанд, ки кадом варзишгар дар чӣ қадар вақт чанд метрро тай менамояд. Аз паҳлавонҳои сабуквазн дида, Саидмуъмин Раҳимов зудтару чолоктар буд ва масофаи 100 метрро дар 12 сония тай намуд, ки то имрӯз чунин масофаро ягон паҳлавони гаронвазн дар 12 сония тай накардааст».

Мавриди зикр аст, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов тайи панҷ соласт, ки кафедраи алоҳидаи бозиҳои миллӣ ташкил шудааст, ки дар он тамоми намудҳои миллии варзишӣ амал мекунад. Тавре устоди ин муассисаи олӣ зикр намуд, имрӯз ҷавонон ба намудҳои варзиши миллӣ, аз ҷумла гӯштини миллии тоҷикӣ таваҷҷуҳи зиёд ва шавқи беандоза доранд, ки ба онҳо устодони варзиши мамлакат нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзонанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ касб кардани ҷойҳои намоён аз ҷониби донишҷуёни ин Донишкада мебошад.

Ба андешаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Баҳриддинов: «Ана ҳамин либоси сафеде, ки имрӯз паҳлавонони ҷаҳон дар бар мекунанд бо номи кемано айнан ҳамон либосест, ки замонҳои пеш дар минтақаҳои гарм деҳқонони мо аз гармӣ худро ҳифз карда ба бар мекарданд ва дар лаҳзаҳои дамгирӣ бо ҳам гӯштин мегирифтанд. Бояд зикр намуд, ки он усулҳое, ки имрӯз дар намуди гӯштини ҷудо истифода мешавад,  ба гӯштини миллии тоҷикӣ хеле шабоҳат дорад. Танҳо фарқияташ он аст, ки гузаштагони мо ҳангоми гӯштингирӣ хафа ё буғӣ карданро истифода намебурданд.  Ман фикр мекунам, ки паҳлавони гӯштини миллии тоҷикӣ озодана метавонад дар гӯштини тарзи ҷудо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ қувваозмоӣ намояд. Моро зарур аст, ки ин варзиши суннатии миллати тоҷикро мисли Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, бо иштироки варзишгарони хориҷи кишвар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор намоем. Яъне вақти он расидааст, ки гӯштини тоҷикӣ ҳамчун моли тозаи миллати тоҷик шинохта шавад»,-хулоса намуд Устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Баҳриддинов.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Март 22, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид