Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Чаҳоргонаи Вишеград» ва Осиёи Марказӣ ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 1.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Будапешт бо ибтикори Ҳукумати Венгрия, ки имсол раёсати гурӯҳи кишварҳои чаҳоргонаи Вишеградро бар уҳда дорад, 27 феврал нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин гурӯҳ (Венгрия, Полша, Чехия ва Словакия) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавер аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар нишаст муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, иқтисод, тиҷорат, сармоя, маориф, сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия ҷалб намуд.
Ҳамчунин бо дарназардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар Тоҷикистон, М. Ҳусейнзода аз ширкаткунандагон даъват ба амал овард, ки дар таҳкими зарфиятсозии инфрасохтор ва саноати сайёҳӣ, инчунин рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монанд.
Дар арафаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз кишварҳои иштирокдор барои дар сатҳи шоиста ширкат кардан дар муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ дар ш. Ню Йорк, моҳи марти 2018 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар ш. Душанбе, моҳи июни 2018 даъват ба амал овард.
Тибқи барномаи нишасти мазкур, иштироккунандагон дар масоили марбут ба роҳандозии ҳамкории байни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Марказӣ, тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ миёни ду минтақа бо тамаркуз ба масъалаҳои обу энергетика ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






