«ҚАЛЪАИ ТОҶИК»-ДАР МАККАИ МУКАРРАМА! Боз як ибтикори наҷиб дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
ДУШАНБЕ, 05.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Маккаи Мукаррама маркази фарҳангиву хидматрасонии «Қалъаи Тоҷик» ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки маркази номбурда бо сабку услуби меъмории миллии тоҷикӣ бо истифода аз нақшу нигор кандакорӣ бунёд шуда, дар он то 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин гардиданд. Марказ ба сокинони шаҳри Макка ва зоирон аз гӯшаҳои гуногуни дунё таомҳо ва шириниҳои миллии тоҷикиро пешкаш мекунад.
Дар маросими ифтитоҳи ин марказ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ширкат намуд.
Маркази фарҳангӣ ва хизматрасонии «Қалъаи Тоҷик» тарҳи муштараки соҳибкори тоҷикистонӣ Абдураззоқ Саидов ва соҳибкори саудӣ Риёз Абуҳабша буда, «пойдории дӯстӣ ва сулҳу амнияти ду кишварро инъикос менамояд.»
Абдураззоқ Саидов аз соҳибкорони бонуфузи зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор мебошад. Ӯ тақрибан ду сол пеш ба сохтани чойхонаи тоҷикӣ дар Макка оғоз карда буд.
Ифтитоҳи маркази фархангию хизматрасонии «Калъаи Тоҷик» дар Маккаи Мукаррама дар ҳолест, ки дар солҳои охир равобити Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ хеле гарм шудааст.












Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






