Ғалатӣ Мадалиева, як зани ҳунарманди шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чакану қаламарезгӣ, попуриву шероза ва дигар намуди маҳсулот ба фурӯш мебарорад

Март 20, 2018 15:28

КӮЛОБ, 20.03.2018  /АМИТ  «Ховар»/.  Ғалатӣ Мадалиева ҳунармандест, ки дар шаҳри Кӯлоб беш аз чил сол дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм гузоштаву садҳо нафар занону духтаронро соҳибкасб намудааст. Дастони муъҷизаофари ин модари ҳунарманд чакану гулдӯзӣ, қаламарезгию зардӯзӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум меофарад. Ҳоло Ғалатӣ Мадалиева дар назди манзили истиқоматиаш маркази касбомӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил кардааст.  Мавсуф  дар маркази омӯзишии хеш бо кумаки фарзандон аз вилояти Суғд чор дастгоҳи адрасбофӣ дастрас намуда, ду нафар мутахассисро барои омӯзиши занону духтарон ҷалб намуд. Салима Нурова ду моҳ боз дар ин марказ ҳунари адрасбофӣ меомӯзад ва дар муддати кӯтоҳ тавонист нозукиҳои касбро аз худ кунад. Салима ҳам мебофаду ҳам ба дигар духтарон ин ҳунарро меомӯзад. Дар ин марказ ҳама саргарми коранд.

Гурӯҳе кадбонугӣ меомӯзанду нону кулча, кулчақанду ширинӣ ва хӯрокҳои миллӣ омода месозанд. Гурӯҳи дигар бо дастгоҳҳо куртаю камзӯл ва дигар намуди либосҳоро аз матои адраси дар марказ бофташуда ва матоъҳои дигар медӯзанд,  дигарон  либосҳои арӯсӣ омода карда, барои гулдухтарон намоиш медиҳанд. Дар ин ҷо ҳатто Бибимайрами хурдакак бо кумаки бибияш шероз мебофад.

Аз оғози сол дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  якчанд адад чунин марказҳо кушода шуданд, ки занону духтарони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин шуда, қисми дигарро ба касбомӯзӣ фаро гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар марказ аллакай беш аз 800 метр адрас бофта, аз он либосҳои миллӣ омода карда шудаанд ва чакану қаламарезгӣ, попуриву шероза ва дигар намуди маҳсулотро дар ҷашни Наврӯз ба фурӯш мебароранд.

 

 

Март 20, 2018 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад