«АЛЛА МЕГУМ БАЧАМЕ…». Суруди модар дар сари гаҳвора навозиш, меҳру муҳаббат ва орзуву таманниёти ӯ ба фарзанд мебошад

Март 6, 2018 12:29

ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи модар ва Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дирӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар-Алла» баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки занону модарон инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар як давлату миллат ба шумор мераванд.

«Аз лаҳзаи эҳёи табиат зиндагиро дар рӯи замин  бе зан тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро зан сарчашмаи меҳру муҳаббат ва фариштаи ҳар як хонадон ба ҳисоб меравад. Баробари шунидани калимаи зан пеши назар симои шахси ҳалиму меҳрубон ва мушфиқу меҳрубон- модар  меояд. Зан-модар таҷассуми зебоӣ ва тимсоли биҳишт буда, барои ҳар як фарзанд шахси азизу маҳбуб ба шумор меравад. Ҳар қадаре зан бомаърифат бошад, ҳамон қадар оила ва ҷомеаву давлат ободу зебо ва устувор мегарданд. Заҳматҳои беназири зан- модар дар ҳаққи фарзанд моро водор месозанд, ки қадру қимат ва эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо оварем ва барои ӯ шароити мусоид муҳайё кунем, то тавонад дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифат тарбия намояд»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар — Алла» ба ифтихори Рӯзи Модар ва Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардида, он бо мақсади дар вуҷуди ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат ва дӯст доштани модар роҳандозӣ шудааст. Ҳоло, ки сухан дар мавриди мақому манзалати зан- модар меравад, модарони тоҷикро бе сурудани алла тасаввур намудан ғайриимкон аст. Алла навозиш, меҳру муҳаббат ва орзуву таманниёти модар ба фарзанд мебошад. Ин суруди маъмулии халқӣ ҷузъе аз фарҳанги волои ниёгон буда, то имрӯз боқӣ мондааст. Аз тарафи дигар, алла рози дили модарон буда, дар он ҳувият ва эҳсосоти онҳо таҷассум меёбад. Он дар тарбияи кӯдак нақши назаррас мегузорад.

Дар фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар- Алла» ҳунармандону ҷавондухтарони боистеъдод аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, дар васфи модар, таъсири алла ва навозиши модар ба фарзанд сурудҳо сароиданд.

 

 

 

Март 6, 2018 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд