Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки рушди Авруосиё вусъат меёбад

Март 1, 2018 15:53

ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Бонки рушди Авруосиё самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  имкониятҳои ҳамкории Бонки рушди Авруосиё бо Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкории дуҷониба бо назардошти имкониятҳои мавҷуда доир ба як зумра масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Намояндагони Бонки рушди Авруосиё аз тавсеа ёфтани ҳамкории дуҷониба дар самти низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳадафи боздиди ҳайати мазкур — ба роҳ мондани истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тарафайн, татбиқи муносибатҳои муросилотӣ дар самти кушодани ҳисобҳои муросилотӣ ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Бонки рушди Авруосиё ва Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

 

 

 

Март 1, 2018 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд