ҲАМВАТАНОН! ШОМИ ИМРӮЗ НАВРӮЗ МЕОЯД, БА ИСТИҚБОЛАШ БАРОЕД!
ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи байналмилалӣ ба қаламрави Тоҷикистон, ки ҳамчун ватани Наврӯз унвон мегардад, имрӯз, 20 март, соати 21:15 вақти маҳаллӣ мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки ҳар сол рӯзи 20-ум ё 21-уми моҳи март зоҳиран барои мушоҳидачӣ аз замин Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ мегузарад.
Фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии офтобро аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ меноманд. Бинобар ин, соли нави астрономӣ аз ҳамин ходиса оғоз гардида, он ҳамчун ҷашни Наврӯз машҳур аст. Инчунин дар вақти гузаштани офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд.
Омадани лаҳзаи гузаштани нуқтаи эътидоли баҳорӣ, ки рамзи фарорасии Наврӯз мебошад, дар минтақаҳои гуногуни замин фарқ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи вақтии 5-ум аз Гринвич ҷойгир аст, аз ин рӯ барои муайян кардани вақти маҳаллӣ ба вақти ҷаҳонӣ 5 соат ҷамъ карда мешавад. Тибқи ҷадвали астрономӣ, ки дар муассисаҳои пешбари илмии ҷаҳон таҳия мешавад, соли 2018 рӯзи 20 март соати 16:15-и вақти ҷаҳонӣ офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Дар ҳудуди Тоҷикистон ин ҳодиса рӯзи 20 март, соати 21:15-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд, яъне
Наврӯз, ки барои мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон ҷашни бостонӣ ва соли нави хуршедӣ маҳсуб мешавад, шоми имрӯз ба Тоҷикистон мерасад.
Пас, биёед, ба истиқболаш бароем, зеро Наврӯз арзишмандтарин ҷашни мардумони ориёитабор буда, саодати ҷаҳон дар Наврӯз нуҳуфтааст.











СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






