Анвар Бобоев: «Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барои рушди ҳарду давлат имкониятҳои нав мекушояд»

Март 7, 2018 17:30

ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 9-10 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо нахустин сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад, ки он ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамҷавории нек такони нав хоҳад бахшид. Интизор меравад, ки дар доираи сафари мазкур миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 20 созишномаи нави байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расад.

Ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эълон дошта буд, ки нақша дорад ба Душанбе ташриф оварад. Ӯ дар назди вакилони кенгаши вилояти Тошканд суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ӯзбекистон муносибатҳои неки ҳамҷавориро бо Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд.

Дар бораи вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири бахши «Муҳоҷирати аҳолӣ»-и Институти иқтисодӣ ва демографии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳори назар намуд.  Ӯ зикр кард, ки ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон давоми солҳои охир ба таври назаррас беҳтар гардид ва далели ин пешрафти тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, ки нишондоди он тақрибан ду баробар афзуд. Аз ин рӯ, вазъи кунунии муносибатҳоро метавон муваффақона арзёбӣ намуд. Он имкониятҳои дурнамодорро барои рушди муносибатҳо миёни  ду кишвари ба ҳам дӯсти ҳамҷавор мекушояд.

«Мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон бо гармӣ ва умеди зиёд ба беҳбудӣ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба Душанбе интизоранд. Дар ин росто, гурӯҳҳои коршиносии ҳукуматҳои ҳарду ҷониб корҳои зиёдеро анҷом доданд ва барои баимзорасонӣ як зумра лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматиро омода намуданд, ки имкониятҳои навро барои ҳар ду давлат мекушоянд ва пеш аз ҳама, ба некӯаҳволии мардумони ду кишвари бародар мусоидат мекунанд», — гуфт коршинос.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд. 10 январ ӯ дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Комиссияи байниҳукуматии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуд. Ҷаласаҳо таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардида буданд.

Қабл аз оғози ҷаласаҳои комиссияҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни гуфтушунидҳои баргузоргардида ҳарду ҷониб он аҳамияти бузургеро, ки онҳо ба рушди робитаҳои байни ду давлати бародар дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамҷавории нек зоҳир менамоянд, баръало нишон доданд. Ҳамаи вохӯриҳо дар рӯҳияи созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн баргузор гардиданд.

Зимни ҷаласаҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат, фарҳанг ва маориф баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари давлатии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

Мавзӯи амалҳои минбаъда оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба сафарҳои мутақобила ва будубоши шаҳрвандони ду давлат дар ҳудуди якдигар дар алоҳидагӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо самтҳои густариши минбаъдаи ҳамкории самараноки тиҷоративу иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти минтақавӣ, рушди муколамаи фарҳангӣ ва байни миллатҳоро муайян намуданд.

Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои музокироти баргузоргардида дар густариши ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон омили муҳим хоҳанд буд.

Аз рӯи натиҷаи ҷаласаҳои комиссияҳо протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон сурат мегирад, намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони «Made in Uzbekistan» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд. Намоишгоҳ аз ду бахш иборат хоҳад буд. Бахши аввал дар майдони кушоди маҷмааи варзишии «Манеж»-и пойтахт ва бахши дуюм дар майдони пӯшида гузаронида мешавад. Дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 60 адад ширкатҳои бузурги содироткунандаи Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд.  Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намоянд. Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳои доираҳои соҳибкорон имзои қарордодҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст. Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба баргузор намудани намоишгоҳи маҳсулот ва вохӯрии доираҳои соҳибкорон дар соли 2018 аввали моҳи январ зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни ҳарду кишвар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба мувофиқа расида буданд.

Мавриди зикр аст, ки аввалин намоишгоҳ – фурӯши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон ва форуми доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар нимаи моҳи апрели соли 2017 дар Душанбе баргузор гардида буданд.  Он замон беш аз 160 адад ширкатҳои Ӯзбекистон маҳсулоти худро давоми чаҳор рӯз ба намоиш гузошта буданд. Дар маҷмӯъ беш аз 1,5 ҳазор номгӯй маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуда буд. Аз рӯи натиҷаҳои намоишгоҳ ва форумҳои соҳибкории баргузоргардидаи ҳарду давлат наздик ба бист санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 35 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Барномаи фарҳангиро низ зикр кардан бамаврид аст. Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бахшида ба сафари давлатии Шавкат Мирзиёев рӯзи 9 март дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» консерти бошукӯҳи «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардидааст. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд. Санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориро дар бар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ ва ғайра заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ба вуҷуд овардаанд.

Таърих, сарватҳои умумии фарҳангиву маънавӣ, инчунин анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳкурсии мустаҳкам гузоштанд.

 

Март 7, 2018 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд