«ҚАТРА-ҚАТРА ОҚИБАТ ДАРЁ ШАВАД». Имрӯз- Рӯзи байналмилалии дарёст

Март 14, 2018 15:56

ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии дарё ҷашн гирифта мешавад. Пешниҳоди таҷлили Рӯзи байналмилалии дарё дар аввалин конфронси байналхалқӣ бар зидди сохтани сарбандҳои калон, ки моҳи марти соли 1997 дар Бразилия баргузор гардида буд, ба миён омадааст. Қаблан ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сарбанди об, дарё, об ва ҳаёт арзёбӣ намуда, ҷашн мегирифтанд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки аввалин маротиба 14 марти соли 1998 Рӯзи байналмилалии дарёро ҷашн гирифтанд ва бахшида ба он дар зиёда аз 50 кишвари олам ҳамоишҳо барпо намуданд.

Директори Муассисаи давлатии Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриаллоҳ Сарабеков дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт: «Дарёҳо дар рӯи замин сарчашмаи асосии ташаккули ҳаёти инсоният буда, барои сабзиши табиат ва инкишофи гуногунии биологӣ нақши муҳим доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маълумоти мавҷуда, 25 ҳазору 227  дарё ба ҳисоб гирифта шудаанд ва аз ин шумора дарёҳое, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд, бештар аз 1003 адад мебошанд.

Ба андешаи номзади илмҳои геология ва минерология Назриаллоҳ Сарабеков, вобаста ба он, ки баъзе сойҳои аз ҳисоби чашмаҳо ғизогиранда ва мавсимии бе маҷрои доимиро ба ҳисоб намегиранд, шумораи умумии дарёҳои мамлакат тағйир меёбад. «Дарозии умумии дарёҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 28 ҳазору  500 км баробар мебошад»,-илова намуд номбурда.

Яке аз хусусиятҳои хоси дарёҳои Тоҷикистон ин аст, ки оби ҳамаи онҳо аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир  бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»  ва ахиран Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 эълон гардиданд.

Азбаски Тоҷикистон мамлакати кӯҳӣ ва дорои пиряхҳои азиму чашмаҳои нодир мебошад, моро месазад ба сарчашмаҳои асосии захираҳои оби он назар афканем, зеро тавре мегӯянд: «қатра-қатра оқибат дарё шавад». 

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, манбаи асосии захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро боришот, пиряхҳо, дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд, ки шарҳи онҳо ба таври зайл мебошад:

Боришот. Сатҳи миёнаи солонаи боришот дар Тоҷикистон тақрибан 700 мм буда, он вобаста ба минтақаҳо фарқ мекунад. Дар баъзе минтақаҳои ҷудогонаи қисми ҷануби мамлакат боришот камтар аз 100 мм ва дар баландкўҳҳо зиёда аз 2400 мм-ро ташкил медиҳад.

Пиряхҳо. Миқдори пиряхҳо дар Тоҷикистон 14 ҳазору 509 ва масоҳати умумии яхбастагӣ 11 ҳазору 146км² ё 8 %-и ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Маҷмўи захираи ях дар пиряхҳо ба 845 км³ баробар мебошад. Пиряхҳои Тоҷикистон зери таъсири сахти тағйироти иқлим қарор доранд ва тибқи иттилои мавҷуда, шумораи пиряхҳои хурд сол то сол кам гашта истодааст.

Дарёҳо. Дар Тоҷикистон 947 дарё ва сойҳои доимӣ ва мавсимӣ вуҷуд доранд, ки ҷараёни миёнаи бисёрсолаи онҳо 64 км³/сол ва ё 55,4 %-и захираҳои оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 1,1 км³/сол ба ҳавзаи дарёи Сир ва 62,9км³/сол ба ҳавзаи дарёи Аму рост меояд.

Кўлҳо ва обанборҳо. Дар Тоҷикистон 1300 кӯлҳои табиӣ бо масоҳати 705км² мавҷуданд. Ҳаҷми умумии захираҳои оби кӯлҳои мазкур 46,3 км3–ро ташкил дода, аз ин миқдор 20 км³ обҳои ширин мебошанд. Шумораи умумии обанборҳо дар Тоҷикистон 11 адад ва ҳаҷми муфиди онҳо 7,5 км³ро ташкил медиҳад.

Обҳои зеризаминӣ. Захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳисобҳои мавҷуда, 18,7 км³/сол-ро ташкил дода, аз он 2,8 км/сол захираҳои истифодашаванда маҳсуб меёбанд.

Обҳои партови бозгарданда. Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо бо теппаҳои сарнишеб ташаккул ёфтааст, ки ин ба пас гаштани ҳаҷми калони обҳо ба дарёҳо имконият фароҳам меорад. Ҳаҷми обҳои бозгарданда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ба 3,5 – 4,0 км³/сол мерасад, ки 3 км³ он обҳои заҳбур ва бозгарданда аз заминҳои обёришаванда буда,  0,5 км³-и он обҳои партови маишӣ ва соҳаи саноат мебошад.

Тавре маълум аст, зиёда аз 60 фоизи обҳои ошомидании ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлид мешаванд. Аз ин хотир чунонки дар боло зикр кардем, чандин ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон аз тарафи ҷаҳониён пазируфта шуда, дар амал татбиқ гардиданд.

Дар ин раванд таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  соли 2005 дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 1,2 млрд. нафар аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ ва беш аз 2,6 млрд. нафар ба меъёрҳои одии беҳдоштӣ дастрасӣ надоштанд. Дар соли 2015, яъне дар натиҷаи амалӣ гардонидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ин нишондиҳанда мутаносибан ба 663 млн ва 2,4 млрд расонида шуд. Аз 51% аҳолии соли 1990 ба беҳдошт дастрасӣ надошта ин нишондиҳанда дар соли 2015 ба 25% расонида шуда, дар ин муддат тақрибан 2,1 млрд. аҳолии сайёра ба беҳдошт дастрасӣ пайдо намуданд.

Бо вуҷуди он ки нишондодҳои болозикр дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ ба даст омадаанд, дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, ҳатто давлатҳои пешрафтаи  Аврупо. Вале вазъият дар қораи Африқо, бахусус дар қисмати ҷануби Сахара нигаронкунанда мебошад. Тағйирёбии иқлим, хушксолӣ,  афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ ин минтақаро яке аз минтақаҳои осебпазиртарини дунё намудааст. Дар ин ҷо тақрибан 340 млн нафар ба обӣ ошомидании босифат дастрасӣ надоранд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳавзаҳои рӯдҳои фаромарзӣ 45 дарсади қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, бе ҳамкории зичу ҳамаҷониба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва дар ин замина, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад. Дар ин самт бахши таъминоти аҳолӣ бо  оби нўшокӣ ва санитарӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи об ба шумор рафта, рушди он барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад, зеро бо ин мақсад истифода намудани захираҳои обӣ солимии ҷомеаро таъмин намуда, заминаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Март 14, 2018 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Рашт соҳили дарёи Сурхобро мустаҳкам карданд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Илму маориф ва рушди сармояи инсонӣ — дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Аз байн бурдани коррупсия омили пешрафти ҳар давлат аст
ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳамадонӣ, №35 номзад пешбарӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд