Аз узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо 5 сол сипарӣ гардид

Март 2, 2018 16:19

ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 март аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба   Созмони ҷаҳонии савдо /СҶҶ/  5 сол сипарӣ гардид. 2 марти соли 2013 баъд аз саъю талошҳои 11-солаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳуриамон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дуюмин шуда, узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо шуд.

Бояд тазаккур дод, ки  ба узвияти СҶС пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли  2001 шурӯъ гардида буд.  Моҳи майи соли 2001 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамгироии иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ,  таъмини  савдои байналмилалии озод, рақобати одилона, либерализатсияи сиёсати савдо ва рушди  муносибатҳои иқтисодии бисёрҷониба ба котиботи СҶС  барои шомил шудани Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ин Созмон дархост пешниҳод намуда буд.

Моҳи июли соли 2010  Шӯрои генералии СҶС дар асоси дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорро дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати СҶС қарор қабул намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақоми кишвари нозир дода шуд. Инчунин ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қоида ва меъёрҳои СҶС ва ташкили заминаи меъёрии ҳуқуқии вобаста ба СҶС ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода шуда, гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои узви СҶС гузаронида шуд. Дар ин росто, беш аз 80 санади меъёрии ҳуқуқии вобаста ба СҶС қабул гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки  гардиши савдои озод байни давлатҳои аъзои СҶС аз ҳадафҳои асосии ин созмони муътабари байналмилалӣ  мебошад.

Созмони ҷаҳонии савдо моҳи январи соли 1995 таъсис дода шуда, беш аз 160 давлати ҷаҳон узви баробарҳуқуқи он мебошанд.  Қароргоҳи СҶС шаҳри Женеваи Швейтсария буда, ин созмони ҷаҳонӣ беш аз 600 нафар корманд дорад.

 

 

Март 2, 2018 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад