Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Доротея Меркел
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Доротея Меркел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Бо камоли сарфарозӣ интихоб гардиданатонро ба вазифаи Канслери Федералии Ҷумҳурии Федералии Германия табрику муборакбод мегӯям.
Рушду тавсеаи бемайлони муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Германия аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад.
Мо итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаю судманди мо дар соҳаҳои мавриди таваччуҳи тарафайн мутобиқ ба манфиатҳои ҳаётии ҳар ду давлат дар оянда низ бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.
Мо хоҳони вусъати бештари ин раванд ҳастем ва омодаем, ки дар ин ҷода кӯшишҳои пайвастаи муштарак намоем.
Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо тансиҳатӣ ва комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Германия сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзумандам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






