Бори аввал Фестивали «Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор гардид

Март 22, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори аввал Фестивали “Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, ҳунармандони ҷумҳурӣ, коршиносони соҳа, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок доштанд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иштирокдорони Фестивали “Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ”-ро бо Наврӯз ва кушодашавии фестивал табрик намуд. Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, бо ташаббуси дурандешонаи Пешвои миллат ҷашни қадимаи Наврўз, ки миллати тамаддунофари мо меросбарони ин ҷашнанд, ҷаҳонӣ гашт. Дар ин фасли нозанини табиат мавсими сайёҳӣ дар Ватани азизамон оғоз гардида, гурӯҳҳои зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани аҷдодии Наврўзро доранд.

Дар Фестивал Намоишгоҳи маҳсулотҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои хизматрасонии меҳмонхонаҳо, иншоотҳои санаторӣ – курортӣ ташкил гардида буд. Ҳамчунин, ороиши ҳуҷраҳои наварўсони минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷумла, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, сурудҳо ва рақсҳои миллии минтақаҳо, молҳои дастии ҳунармандон, косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чўбтарошӣ, сандуқсозӣ, бозиҳои хоси наврӯзӣ аз ҷумла, гӯштингирӣ, бандкашӣ, хурӯсҷанг, кабкҷанг, шеърхонӣ ва байтбараки ҷавонон, ҳафтсину ҳафтшин, нонпазии тоҷикон дар танӯрҳо, хӯрокҳои миллии хоси наврӯзӣ, намоиши аксҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошон, ҷараёни омодасозии маҳсули дасти онҳо, намоиши созҳои мусиқии миллӣ ба маъраз гузошта шуд.

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Аз сӯи дигар Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд

Дар Фестивал ҷашни байналмилалии Наврўз ҳамчун бренди сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврўз ба Тоҷикистон ташриф оварданд, муаррифӣ карда шуд.

Март 22, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ