Дӯстӣ ғалаба кард ва меҳмонон натавонистанд орзуқи якеро аз дигаре беҳтар гӯянд-бардошт аз Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо»

Март 7, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 7.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Холаи Муборак Одинаеваи 70-сола, сокини ноҳияи Варзоб, яке аз иштирокчиёни  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо», ки имрӯз  дар майдони Маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо маҳорат ва касбияти баланди кадбонугӣ тарзи омода намудани орзуқро пешкаши иштирокдорон гардонид.

Тавре Холаи Муборак ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Орзуқ як навъ хӯриши нонӣ мебошад, ки аз обу орду тухм ва равған пухта мешавад. Аввал аз ин намуди маҳсулот хамир шӯрида, 15-20 дақиқа дам медиҳем. Сипас, онро фатир карда, мухпар мезанему ба шакли чоркунҷа ё секунҷа мебурем. Дар дег равған андохта, дар оташи паст онро мепазем».

Ба нақли номбурда, дар давраҳои пеш орзуқ хӯриши хушхӯри идҳои суннатӣ ва ҷашни арӯсӣ ба шумор мерафтааст, вале имрӯз аз ҷониби ҳунармандон қариб ки ҳамарӯза дар дилхоҳ маърака пухта мешавад.

«Ин навъи хӯриши нониро дар ҳар минтақа ба ҳар навъ мепазанд. Масалан, дар шимоли Тоҷикистон ба орди гандум хамиртуруш андохта, хамир мешӯранд. Ба хамираш тухм ва равған низ ҳамроҳ мекунанд. Баъди 15—20 дақиқа дам додан хамирро хурд-хурд бурида, завола мегиранд ва чормағзвор кулула мекунанд. Сипас онро дар равған бирён карда, ба табақ мегиранд ва баъзан ба рӯяш шакар мепошанд. Дар минтақаи ҷануб орзуқро бештар дар рӯзҳои ид ё маърака тайёр меку­нанд. Ҳамчун тӯшаи роҳ низ истифода мебаранд»,-илова намуд ӯ.

Холаи Муборак ҳунари кадбонугиро аз бибиҳояш омӯхта, ба духтарон ва келинҳояш низ омӯзонидааст. Тавре ӯ иброз медорад, ҳар касе ки соҳибҳунар аст, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳтоҷ намешавад. Ҳамеша ҷавонондухтаронро ба ҳунаромӯзӣ талқин мекунад.

Дар Фестивал қариб аз ҳама минтақаҳои мамлакат орзуқпазони моҳир иштирок доштанд ва байни ҳам рақобат карда, кӯшиш мекарданд аз якдигар пеш гузаранд. Вале чун ҳамешагӣ дӯстӣ ғалаба кард ва меҳмонон натавонистанд орзуқи якеро аз дигаре беҳтар гӯянд.

Холаи Муборак мегӯяд, «солҳои охир ҷашнҳои миллии тоҷикон хусусияти муттаҳидӣ касб кардаанд. «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкони мусоид меорад, ки он ҳунарҳои мардумие, ки фаромӯш шуда буданд, дубора зинда шаванд ва мо гуфта метавонем, ки бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат  ин ҳунарҳои аҷдодон боз ҳазорсолаҳои дигар аз насл ба насл ба мерос мемонанд. Мо шодем, ки якҷо дар фазои ором ин ҷашнро пешвоз мегирем. Ба ҳама хушбахтӣ ва сулҳу амонӣ таманно дорам».

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории фестивал- озмун дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арҷ гузоштан ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар мамлакат, мавриди истеҳсоли ҳаррӯзаи дохилӣ қарор додани номгӯи зиёди нону кулчақандҳои тоҷикӣ мебошад.

Март 7, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад