ДӮСТӢ САРҲАД НАДОРАД. Гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк»-и ноҳияи Спитамен расман ифтитоҳ гардид

Март 2, 2018 12:29

 СПИТАМЕН, 02.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода, муовини якуми ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алимардон Қаршиев, ҳокими шаҳри Бекобод Зафар Файзуллоев ва дигар шахсони расмӣ бо ширкати ҳазорон сокинони ду минтақаи сарҳадӣ гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк» ифтитоҳ ёфт.

Баъд аз буридани лентаи рамзӣ ва садо додани сурудҳои миллии ҳарду давлат раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода иброз дошт, ки «ифтитоҳи расмии гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк», ки бо ташаббуси роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, махсусан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, боиси рӯҳбаландӣ ва хушҳолии халқҳои тоҷику ӯзбек гардидааст».

Таъкид гардид, ки дӯстӣ сарҳад надорад ва изҳори умед карда шуд, ки дар оянда муносибатҳои дӯстонаву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек аз ин ҳам бештар ривоҷу равнақи тоза меёбанд.

Баъдан муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, муовини аввали ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алимардон Қаршиев, ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Файзуллоев,  собиқадори меҳнат аз ноҳияи Спитамен Марҳамат Абдулҳаева, собиқадори меҳнат аз шаҳри Бекобод Абдуллоҷон Истамов сухан гуфта, сокинонро бо ин рӯйдоди таърихӣ муборакбод намуданд. Намояндагони ҳарду давлат аз намоиши ҳунарҳои миллии ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод боздид намуданд.

 

Март 2, 2018 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад