Дар Академияи илмҳо дастовардҳои техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин намоиш дода шуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар он аз ҷониби Институти илмӣ-механикӣ ва таҳқиқотии ҶДММ «Яшен Ямит» ва Донишкадаи энергетикии вилояти Гансу технологияи ҳозиразамони обёрии қатрагӣ, таҷҳизоти кишоварзӣ, технологияи геотермалӣ, гармидиҳии нурҳои офтобӣ, технологияи гармидиҳӣ бо истифода аз нурҳои офтобӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.
Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, намоиш дар ҳошияи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки соли 1993 оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология, инчунин дар ҳошияи Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки соли 2017 ба имзо расида буданд, ташкил карда шуд.
Бино ба маълумоти Фарҳод Раҳимӣ, ҳамзамон дирӯз Протоколи ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид, ки дар он тамоми самтҳои ҳамкории дуҷониба мушаххас гардид. «Дар доираи Протоколи ҳамкорӣ омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста ба самтҳое, ки иқтисодиёти миллии мо ба он эҳтиёҷ дорад ва таъсис додани як технопарк ва озмоишгоҳҳои муштарак, пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ва баргузор намудани конференсияву симпозиумҳои муштарак дар мавзӯъҳое, ки ба самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, ба нақша гирифта шудааст»,-илова намуд академик.
Пас аз намоиш конференсияи илмии муштараки Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид, ки дар он иштирокдорон бо дастовардҳои илм ва техникаи Чин ошно гардиданд. Ҳамзамон олимони тоҷик имконият пайдо карданд, ки ҷониби Чинро бо дастовардҳои илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намоянд. Самтҳои таҳқиқоти илмӣ ва таҳқиқоти муштарак мушаххас гардида, ҳар як институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар сохторҳои Академияи илмҳо барои худ ҳамкорони чиниро муайян карданд. Бояд зикр кард, ки чунин ҳамкорӣ барои рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад монд ва имконият пайдо мешавад, ки олимони ин давлатҳо дар якҷоягӣ ба дастовардҳои муайян ноил гарданд.
















Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






