Дар Бонки миллӣ бо ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати коршиносон- баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Файзулло Файзуллозода иброз дошт, ҳадаф аз баргузории ин мулоқот огоҳ будан аз ҷараёни омодагӣ ба баҳодиҳии тарафайни Тоҷикистон, инчунин оид ба тадбирҳои андешидашуда дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошад.
Сафари ҳайати мазкур аз 5 то 15 марти соли равон идома ёфта, дар доираи он вохӯрӣ бо ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО ва Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МД, инчунин бо намояндагони мақомоти салоҳиятдори мамлакат ба нақша гирифта шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ) мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО таъйин гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






