Дар Бонки миллии Тоҷикистон қабули тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи таърихи қарз»-ро муҳокима намуданд

Март 20, 2018 15:31

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Вобаста ба қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз»   дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Бонки миллӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ташкилотҳои қарзии мамлакат ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар ҷамъомади мазкур муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ иброз намуд, ки бинобар зиёд будани сатҳи хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ, рушди инфрасохтори мубодилаи иттилооти қарз дар идоракунии хавфи қарзӣ ва таъмини устувории молиявӣ нақши муҳим мебозад. Дар робита ба ин соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз» қабул шуда, соли равон бо назардошти муҳайё намудани шароит барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз, ки дар навбати худ имконияти қарздиҳии ташкилотҳои қарзиро ба иқтисодиёт васеъ намуда, ба рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин қарздиҳӣ ба соҳибкории хурду миёна такон мебахшад, ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Ҳамчунин  дар ҳамоиш ба иштирокчиён  оид ба тағйиру иловаҳои асосӣ, мақсадҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо, аҳамияти танзими бозори иттилооти қарз ва интизориҳо аз он бо овардани далелу рақамҳо аз сохтори низоми бонкии кишвар, нишондиҳандаҳои асосии тавозунӣ, саҳми низоми бонкӣ дар иқтисодиёт, сифати сандуқи қарзии бонкҳо аз рӯи фаъолнокии истифодаи маълумоти бюроҳои таърихи қарзӣ маълумот пешниҳод гардид.

Зикр гардид, ки танзими бозори иттилоотии қарз ба васеъшавии дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, паст шудани вобастагӣ ба гаравҳо, роҳ надодани қарздиҳии хавфнокиашон аз ҳад зиёд ва қарзҳои такрорӣ, мониторинги бозори қарзӣ ва беҳтар шудани танзиму назорати бонкӣ мусоидат менамояд.

Зимни мулоқот Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ки ҳадафи  баргузории чорабинии мазкур- баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандони низоми бонкӣ дар самти идоракунии қарзҳо ва пешбурди сиёсати қарзӣ буда, тағйиру иловаҳои ба қонун воридгашта ташкилотҳои қарзиро уҳдадор менамоянд, ки ҳамаи маълумотро оид ба субъекти қарз бе розигии он ба бюрои таърихи қарз ҳатман пешниҳод намоянд. Талаботи мазкур аз як тараф, ба ташкилотҳои қарзӣ барои паст кардани хавфи қарзӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар, интизоми қарздоркуниро ба роҳ мемонад. Васеъ намудани ваколатҳои мақоми танзимкунанда ба назорати бонкӣ таъсири мусбат дошта, имконият медиҳад, ки таҳлили саривақтии вазъи низоми бонкӣ гузаронида шавад. Ҳамзамон дар асоси он санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти самарабахшу бехатари низоми табодул ва коркарди иттилооти қарзӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия ва қабул карда шаванд.

Март 20, 2018 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад