Дар Душанбе аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир карда шуд. Дар ҷаласа зиёда аз 120 нафар соҳибкорони ду давлати ба ҳам дӯст- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
«Аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ки барои рушду густариши ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодии соҳибкорони ҳарду мамлакат мусоидат хоҳад кард», — иброз дошт Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид.
Зикр шуд, ки дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду мамлакат баргузории намоишу ярмаркаҳо нақши муҳим мебозад. «Соли 2017 ду номоиш-ярмаркаи бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд баргузор гардиданд, ки ба муаррифии молу маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони ҳамкор такон бахшида, дар таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвари ҳамсоя шароити мусоид фароҳам овард»,-илова намуд Шариф Саид.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов иброз дош, ки Президент Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсояро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати худ қарор дода, рушди босуботи онро аз ҳадафҳои асосии Хукумати ҶӮ арзёбӣ мекунад.
Дар ин раванд дар давоми як соли охир миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун рушд ёфта, дар оянда боз тақвият дода мешаванд.
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони «Made in Uzbekistan» баргузор мегардад, ки дар он молу маҳсулоти беш аз 60 корхонаи бузурги Ӯзбекистон ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд» ,- зикр шуд дар идомаи ҷаласа.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд санадҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.













ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






