Дар Душанбе дастрасии занони соҳибкор ба бехатарӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи Рӯзи Модар дар Душанбе таҳти унвони «Дастрасии занони соҳибкори Тоҷикистон ба бехатарӣ ва роҳҳои такмили он» ҳамоиш доир гардида, зимни он натиҷаи тадқиқоте, ки миёни 300 нафар занони соҳибкори шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат гузаронида шуд, баррасӣ гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш намояндагони Парлумон, вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираҳои соҳибкорон иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба беҳтар кардани дастрасии занони соҳибкор ба бехатариро матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби занон ба соҳибкорӣ ва таъмини бехатарии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Иштирокдорони ҳамоиш роҷеъ ба роҳҳои беҳтар намудани дастрасии занони соҳибкори Тоҷикистон ба бехатарӣ ва нақши бонувон дар таъмини бехатарӣ, кафолати давлатии занони соҳибкор, нақши милитсия дар таъмини бехатарии занони соҳибкор, ташаккули шароити беҳтар барои дастрасии занони соҳибкор ба бехатарӣ, мушкилот ва роҳҳи ҳалли он ибрози назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки тадқиқоти мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат гузаронида шуда, ҳадафаш таъмини амнияти занони соҳибкор, дастгирӣ ва пешниҳоди кумакҳои ҳуқуқӣ ба соҳибкорзанон ҳангоми мувоҷеҳ шудан ба мушкилот, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорзанон ва кормандони мақомоти милитсия мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






