Дар хиёбони Нусратулло Махсум майдончаи варзишӣ барои кўдакон ифтитоҳ гардид

Март 20, 2018 17:18

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ ва бозии кўдакона  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сабоҳат Маҳмадалиева ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар майдончаи варзишӣ тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 ноябри соли 2017  бо мақсади ободонӣ ва зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли солиму ояндасоз дар рўҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуданд.

Зикр шуд, ки  майдончаи варзишӣ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1300 м2  ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,   Ҷамъияти дўстии Тоҷикистону Чин, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд.

 

 

 

Март 20, 2018 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд