Дар хиёбони Нусратулло Махсум майдончаи варзишӣ барои кўдакон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ ва бозии кўдакона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Маҳмадалиева ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар майдончаи варзишӣ тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 бо мақсади ободонӣ ва зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли солиму ояндасоз дар рўҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуданд.
Зикр шуд, ки майдончаи варзишӣ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1300 м2 ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дўстии Тоҷикистону Чин, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд.










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






