Дар Хуҷанд марҳилаи супоридани ҳуҷҷатҳои довталабон ба Маркази миллии тестӣ оғоз ёфт
ХУҶАНД, 02.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 марти соли равон дар радифи дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар ду нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд- МТМУ №5 ва гимназияи №24 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2018 (ИМД-2018) оғоз гардид.
Дар маросими оғози бақайдгирӣ намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Мирзоаминов ва масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мақсаду моҳияти бақайдгириро ба ҳозирин фаҳмониданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд хабар доданд, яке аз навгониҳои низоми имсола-ин хизматрасонии «Пешномнависӣ» дар ҳолати бархат (онлайн) ба ҳисоб рафта, он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода намуда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии «Пешномнависӣ» хоҳишмандони бақайдгириро зарур аст, ки почтаи электронӣ дошта бошанд. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ мувофиқи матлаб аст.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд 1980 нафар довталабон ба номи пуршарафи донишҷӯӣ соҳиб гардиданд.
Дар маҷмӯъ, соли равон бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шуда, ҷараёни бақайдгирӣ то 15 апрел идома меёбад.
Соли равон чун дар соли 2017 ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






