Дар Истанбул ҷашни Наврӯзи аҷдодиро пуршукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 марти соли равон бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Иди Наврӯзи хуҷастапай дар ҳалқаи ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик бо шукӯҳи хосса баргузор гардид.
Дар барномаи наврӯзӣ зиёда аз 150 нафар ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики муқими шаҳри Истанбул ва дигар ноҳияҳои атрофи вилояти Истанбул иштирок карданд.
Дар барномаи наврӯзӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул М.Сафаров сухан гуфта, ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷикро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ва оғози фасли баҳор самимона табрик гуфта, ҳозиринро ба таҳкими дӯстӣ, поксозии қалбҳо ва ваҳдату ягонагӣ даъват кард. Зикр гардид, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар кишвари мо сол то сол дар фазои хурраму ободтар баргузор мегардад.
Дар ҷамъомади идона меҳмонон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони баъзе донишгоҳҳои муқими шаҳри Истанбул ҳозиринро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзи аҷам муборакбод намуданд.
Дар ҷашни наврӯзӣ дастурхони идонаи «ҳафтсину ҳафтшин» бо суманак ва дигар хӯрокҳои миллӣ ороста шуд. Ҳамчунин бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаи ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои косибӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводи таблиғотӣ доир ба муаррифии симои ҷумҳуриамон ба иштирокчиён манзур гардид.











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






