Дар ноҳияи Спитамен Ассотсиатсияи ҳунармандони ноҳия таъсис дода мешавад

Март 1, 2018 11:10

ХУҶАНД, 01.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамен ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳунармандону соҳибкорони маҳаллӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ассотсиатсияи ҳунармандони ноҳия таъсис дода мешавад. Ин нукта зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ва мулоқот бо ҳунармандони ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода зикр гардид.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар конфронс   роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳунармандон, роҳбарияти Муассисаи давлатии вилоятии «Мактаби эҳё ва рушди адрасу атласбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқ» ва олимону донишмандон иштирок намуданд. Дар оғози конфронс дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.

Зимни мулоқот раиси ноҳия аз ҳунармандон хоҳиш кард, ки барои рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, заргариву зардӯзӣ, кулолгарию, оҳангарӣ, мисгарию кандакорӣ, қолинбофию кашидадӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва ғайра тадбир андешида, анъанаи неки мактаби «устод-шогирд»-ро эҳё ва ҳунарҳои мардумиро ба насли наврас омӯзонанд.

Ба андешаи роҳбарияти ноҳия, ташкили устохонаҳои замонавӣ бо ҷалби ҳарчӣ бештари наврасону ҷавонон ба манфиати кор буда, таъсиси растаҳои фурӯши ҳунармандон дар ҳудуди бозорҳои ноҳия низ аз манфиат холӣ нест.

 

 

 

Март 1, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад