Дар Осорхонаи миллӣ «Симои Зан-Модар» намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиши асарҳои рассомон таҳти унвони «Симои Зан-Модар» баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд, дар намоиш мусаввараҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои арӯс», «Симои Г.Сафаралиева», «Гулҳои Зарафшон», «Парастуҳо», «Модар» ва дигар асарҳои рассомони тоҷик ба маърази намоиш гузошта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, намоиши асарҳои рассомон аз 2 март оғоз ёфта, то 20 март идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






