Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба сокинону сайёҳони шаҳри Норак дар сатҳи баланд хизмат расонида мешавад
НОРАК, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак аз ҳисоби лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак», ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расида буд, соҳиби 16 адад мошини махсуси партовҷамъкунӣ, аз қабили мошинҳои махсуси партовкашонӣ, экскаватор, булдозер, мошини обкашӣ, мошини обпошак, мошини қумпошак, трактори алафдаравӣ, автобус, механизмҳои боркунанда ва 497 адад куттиҳои гуногунҳаҷм гардид. Дар ин бора аз муассисаи мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои сардори Муассисаи давлатии шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Норак Субҳон Ҷураев, соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаҳои кафолатӣ, қарзӣ, грантӣ ва дастгирии лоиҳа ба имзо расонида шуданд, ки арзиши умумиашон 5 миллиону 40 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, айни замон амалӣ гардида истодаанд.
Мақсади асосии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак» аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идораи партовҳои сахти маишӣ ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарию экологии шаҳр, навсозии партовгоҳи маркази шаҳр бо истифода аз меъёрҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ бошад, иборат аст.
Субҳон Ҷураев зикр намуд, ки «шаҳри Норак маркази боздиди сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб меравад ва татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак» ба мо имкон медиҳад, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба сокинону сайёҳони шаҳри Норак бо технологияи замонавӣ дар сатҳи баланд хизмат расонем».








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






