Дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи модар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз 6 январ то 6 марти соли 2018 бо иштироки бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт мусобиқаи волейболро баргузор намуд. Мусобиқаи мазкур 6 март ҷамъбаст гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муддати 2 моҳ 25 дастаи бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт байни худ қувва озмуданд.
Дар рақобати ниҳоии мусобиқа дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бар тими Бонки миллии Тоҷикистон дастболо шуда, ғолиби мусобиқа ва соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе гардид.
Дастаи Бонки миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва бонувони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарёфти мақоми сеюм ноил шуданд. Ҷойи чоруми мусобиқа насиби варзишгарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардид.
Ғолибон бо Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, медалу диплом ва туҳфаҳои молию пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






