«ДАСТЕ, КИ ГАҲВОРАРО МЕҶУНБОНАД…». Бузургони олам дар ситоиши модар

Март 8, 2018 09:12

ДУШАНБЕ, 08.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда, гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”. 

Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва  неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

Бонувони мо собит намудаанд, ки ин рисолати пуршарафро бо сари баланд ба иҷро расонида метавонанд.

Офарандаи бахти аҳли башар, файзбахши меҳру вафо – Зан-Модар аст.

Ин ҳама бузургиву беназирии Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи гуворои он Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.

Бузургони дунё беҳтарин суханҳоро дар ситоиши Модар гуфтаанд:

Санъати модар омӯхтани санъати зиндагӣ ба фарзанд аст.

Э. Хеффнер

Модар ҳамеша вомедорад, ки мо худро одамони арзишманд ҳисобем, нисбат ба он чи ҳастем.

Дж. Л. Спалдинг

Аввалин ҳадяе, ки модар ба мо мебахшад, ҳаёт аст, дуюмин муҳаббат, сеюмӣ фаҳмиш.

Донна Брауэр

Ҳаргиз модари бебарор будан нашояд, чизе бадтар аз ин барои кӯдакон вуҷуд надорад.

Г.Шербакова

То даме модар ҳаст, шумо кӯдакед.

С.Джейет

Ман модарам, модар ҳаргиз танҳо наметавонад буд.

Катрин Денев

Модар дар чашми тифл Худо аст.

Сайлент Хил

Ҷанҷол оғозидан бо зане, ки эҳсоси модарона нав дар ӯ бедор шудааст, мумкин нест. Тамоми ахлоқи дунё ҷонибдори ӯст.

Эрих Мария Ремарк

Вақте, ки тифлро таваллуд мекунӣ, бояд одат ба он кунӣ, ки аз ин рӯз ба минбаъд  дилат дар синаи дигар метапад.

Анне Геддес

Беҳтарин изҳори муҳаббати падар ба фарзандон  муҳаббати ӯ ба модари онҳост.

Януш Леон Вишневский

Ҳаргиз вақт ғамро аз хотири модаре, ки тифли худро аз даст додааст,  нахоҳад зудуд. Ғаме чунин ҳаргиз пир намегардад. Либоси мотамӣ дар тани ӯ фарсуда мегардад, аммо дил тарки  зулмат намекунад.

Виктор Гюго

Модар дар рӯи дастархон танҳо чор пора пирогро барои панҷ нафар мушоҳида карда, зуд эълон кард, ки ӯ тамоман гурусна нест.

Теннева Джордан

Чӣ сон модар барои кӯдакони худ ғам нахӯрад, барои ҳар харош, барои ҳар ҷароҳат, барои ҳар афтодан? Онҳоро захм дар зонуст, модарро дар дил.

Наталя Калинина

То даме, ки модар  бо шумост, шумо аз тифлӣ бадар намеоед.

С. Джейет.

 Вақте модар мемирад, мисли сӯхтор дар китобхона аст.

Марк Левӣ

Модар будан мансаби якумрӣ аст.

Клэр Рейнер

Модар ягона эъҷози табиат аст, ки ҳатто марг шуморо наметавонад аз ӯ ҷудо кунад.

Л. С. Сухоруков

Он чӣ чашми модар намебинад, дилаш ба ӯ дарак медиҳад, ӯ метавонад ба дил эҳсос кунад.

А.Н. Островский

Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, дунёро сарварӣ мекунад.

Петер де Вриес

Модар бузургтарин омӯзгорам буд. Омӯзгори дард, ишқ ва ҷасорат. Агар ишқ  мисли гул зебост, он гоҳ модари ман гули нозанини ишқ аст.

Стив Вондер

Ҳама дуоҳои модарро дар ёд дорам. Онҳо ҳамеша бо ман буданд. Онҳо тамоми умр маро нигаҳ медоштанд.

Абрам Линколн

Модари ман мӯъҷизаи равон аст.

Леонардо Ди Каприо

Кӯдакон лангарҳои модаранд.

Сопҳолес

Беҳин коре, ки падар метавонад барои кӯдаконаш кунад, дӯст доштани модари онҳост.

Теодор Ҳисбурч

Агар таҳаввул воқеан вуҷуд дорад, чаро модар танҳо ду даст дорад?

Милтон Берлӣ

Модарон кӯдаконро муддати кӯтоҳ аз даст медоранд, аммо дар дил тамоми умр.

Муаллифи номаълум

Баъд аз ҷудо шудан ҳам шумо дер боз дар оғӯши модар мемонед.

Муаллифи номаълум

Дили модар беинтиҳост, ки дар умқаш шумо метавонед ҳамеша бахшиш ёбед.

Оноре Де Балзак

Аз ҳама ҳуқуқҳои модар беҳтаринаш модар будан аст.

Ли Ютанг

Вақте шумо модаред, ҳаргиз дар андешаҳои худ танҳо нестед. Модар ҳамеша ду андеша дорад, яке оид ба худ, дигаре оид ба фарзанд.

София Лорен

Модар  бонкест, ки дар он ҳама гуноҳу мушкили мо маҳфуз аст.

Т. Девит Талмаҷи

Ба ҳар чизе, ки муваффақ шудам, ё мехоҳам муваффақ  шавам, аз модар сипосгузорам.

Абрам Линколн

Модар –  оғозу анҷоми ҳама муҳаббатҳост.

Роберт Бравнинг

Беҳтарин ҷо барои гиря – рӯи дастони модар аст.

Ҷоди Пикоулт

Дасти модар таскинбахштар аз ҳама дастон аст.

Ринсес Диана

Модар будан маро ҳамон қадаре, ки хаста намуд,  ҳамон қадар хушбахт кард.

Тина Фей

Модари ман пайкари лоғари наҳиф ва дили бузург дошт, дили чунон бузурге, ки  ҳама метавонист дар он  меҳрубонӣ ва  манзили меҳмоннавоз ёбад.

Марк Твен

Дили модар мактабхонаи кӯдак аст.

Ҳенри Вард Биччеа

Танҳо модарон метавонанд андешаи фардо кунанд, зеро танҳо онҳо ояндаро дар кӯдакони худ тавлид мекунанд.

Максим Горкий

Ҳеҷ чиз самимитар аз бӯсаи модар нест.

Салим Шарма

Наметавонам қаҳрамониеро баландтар аз модар будан тасаввур кунам.

Ленс Конред

Имрӯз ҳам мисли ҳамеша ҷиҳози беҳтарини автоматикунонидашуда дар хоҷагии хона модар аст.

Брайдҷет Ҷонс

Модар ҳамеша оғоз аст, ӯ оғози ҳама оғозҳост.

Амю Тан

Инҳо гуфтори одамони номдор: олимон, сиёсатмадорон, нависандагон, режиссёрон ва ҳунарпешагонанд. Аз ҳама мувофиқтаринашро барои модари худ интихоб кунед, то дар табрикномае сабт намуда, бо дастагуле ба модар ҳадя оред. Бовар кунед, ӯ сазовори ин аст.

Таҳияи Камол НАСРУЛЛО,

ходими адабии АМИТ “Ховар”

Март 8, 2018 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст