ФУТБОЛ: дастаи «Аҳал»-и Туркманистон ба Душанбе омад

Март 6, 2018 09:28

ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон  барои анҷом додани бозии аввалини гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 бо   дастаи «Истиқлол» ба  шаҳри Душанбе омад.

Дар ин бора сомонаи расмии клуби «Истиқлол»  хабар медиҳад. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаи футболи «Аҳал»-ро намояндагони дастаи  «Истиқлол» ва  Федератсияи футболи мамлакат пешвоз гирифтанд. Ситоди мураббиёни «Аҳал» бо худ 16 футболбозро ба шаҳри  Душанбе овард. Аъзои дастаи футболи  «Аҳал» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамринҳои худро оғоз намуданд.

Хотиррасон бояд кард, ки бозии аввалини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и  Тоҷикистон  ва «Аҳал»-и Туркманистон  7 марти соли равон, соати 18:00  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

 

 

Март 6, 2018 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад