Гурӯҳи «Humming House»-и Амрико: «Тоҷикистони дилрабо ба мо хеле писанд омад»
ДУШАНБЕ, 6.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Якканавози гурӯҳи навозандагони машҳури «Humming House» аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷустин Уайд, ки чанде пеш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев аввалин барномаи консертии худро баргузор намуд, пас аз консерт ба мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки «Тоҷикистони дилрабо ба мо хеле писанд омад ва мо тӯли чанд рӯзи сафар аллакай ба ин мамлакат дил бастаем ва табиати дилфериби ин кишвари офтобӣ моро мафтун сохт».
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сафари гурӯҳи мазкур ба Тоҷикистон бо даъвати Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барномаи консертӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи навозандагони машҳури «Humming House» на танҳо дар ИМА, балки дар тамоми ҷаҳон маъруфият доранд. Чанде қабл гурӯҳи мазкур дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ барномаҳои консертии худро манзури дӯстдорони санъат гардонида буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






