«Гузариш ба пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин ном Кумитаи телевизион ва радио ҳамоиш доир кард

Март 2, 2018 16:51

ДУШАНБЕ, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ  бо  Созмони амният ва ҳамкорӣ  дар Аврупо  (САҲА)   ҳамоиш  дар мавзӯи «Гузариш ба пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъи ҷорӣ. Имкониятҳо ва пешомадҳо»  доир  гардид, ки дар  кори он   намояндагони  мақомоти давлатӣ,  Парлумон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва  иттиҳодияҳои ВАО  иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода,  роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе  Туула Юрёля ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Гурӯҳи доимоамалкунандаи  Кумитаи телевизион ва радио оид ба амалӣ намудани Консепсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи телевизион ва радио барои солҳои  2010-2025 Зинатулло Исмоилзода дар бораи гузариш ба пахши рақамӣ  дар Тоҷикистон,  таҳлили вазъ ва  имкониятҳои мавҷудаи  гузариш ба  он  маърӯза  карданд.

Зимни пешниҳоди ин маърӯзаҳо, аз ҷумла, таъкид гардид, ки   дар  ҷумҳурӣ гузаштан ба пахши рақамӣ ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум шурӯъ гардида, ба он ду санади муҳим — Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015   (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №86 аз 1 марти соли 2004 тасдиқ шудааст) ва  Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №529  аз 1 октябри соли 2009 қабул шудаст)  асос гузоштаанд.

Ҳамчунин зикр  шуд, ки маҳз ҳамин  санадҳо рушди шабакаҳои давлатии  телевизиону  радио, аз ҷумла,  гузаштан ба пахши рақамӣ, фарогирии пурраи барномаҳои телевизион ва радиоро дар қаламрави мамлакат  пешбинӣ намудаанд.

Дар асоси ин санадҳо бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди пахши рақамии телевизион барои солҳои 2010-2015 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҶТ таҳти №76 аз 27 феврали соли 2010 тасдиқ гардид.

Баромадкунандагон ҳамчунин доир ба   Барномаи мазкур,  афзалияти пахши рақамӣ ва фарқи он аз пахши кӯҳнашуда (аналогӣ),  зарурати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани системаи аврупоии пахши рақамии телевизион  (DVB – Digital Vidio Broadcasting), давраҳои амалисозии он, ки 6  давраро  (аз соли 2010 то соли 2015) дар бар мегирад, ибрози андеша карданд.

Сипас дар ҳамоиш таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон  дар мавриди гузариш ба  пахши рақамӣ  мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт. Дар ин бора муовини Вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии  ин ҷумҳурӣ   Айнура Темурбекова маърӯза кард. Номбурда дар бораи чолишҳои техникие, ки  дар ҷараёни гузариш ба  пахши рақамӣ Ҳукумати  Қирғизистон ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он   рӯ ба рӯ шуданд,  маълумот дода,  инчунин  роҳҳои ҳалли онро   иброз дошт.

Ҳамоиш бо  маърӯзаи  узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҳаббатшо Рузадор,  баромадҳои  мушовири  дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Илгар Иброҳимли ва узви Гурӯҳи доимоамалкунандаи  Кумитаи телевизион ва радио оид ба амалӣ намудани Консепсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи телевизион ва радио барои солҳои  2010-2025 Зинатулло Исмоилзода дар мавзӯи мавриди назар анҷом ёфт.

Хотиррасон менамоем, ки айни замон  фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои давлатии телевизион  ҳамагӣ 60, 41% -ро дар бар мегирад. Алҳол тавассути 2 моҳвора- NSS12 ва Yahsat 1а беш аз  47 давлати дунё имкони дастрасӣ ба барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро доранд.

Бо амалӣ гардидани  Нақшаи амали  ҷумҳурии Тоҷикистон   аҳолӣ бо пахши рақамии барномаҳои телевизион ва радио  таъмин мегарданд.

 

 

 

Март 2, 2018 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад