«Хориҷиён аз сохтмони Роғун ба ваҷд меоянд», «Асолати тоҷиконаи Наврӯз» – шарҳи матбуот

Март 15, 2018 14:29

ДУШАНБЕ 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (13.02.2018,№52-53) матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура бознашр карда, дар рубрикаи «Сухани рӯз» таъкиди зерини Сарвари давлатро овардааст: «Фаромӯш набояд кард, ки кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд. Мардум аз рӯи рафтору кирдор, маҳорат ва сатҳи касбият, донишу маърифат, поквиҷдонӣ, маданияти муошират ва муносибати шумо ба уҳдадориҳои мансабӣ, инчунин, садоқат ба давлату миллат ва сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ баҳо медиҳанд. Яъне, шумо бояд чун ойина пок бошед ва вазифаҳои ба зиммаатон гузошташударо поквиҷдонона иҷро намоед». Мавриди зикр аст, ки 13 март Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ, ки ҳамасола 14 март ҷашн гирифта мешавад, бо роҳбарият ва дигар масъулони ниҳоди мазкур мулоқоти самимӣ доир карданд. Пешвои миллат зимни мулоқоти мазкур таваҷҷуҳи кормандони прокуратураро баҳри ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани қонуншиканиҳо дар масъалаи истифодаи замин, пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрокӣ, роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар самти татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», аз байн бурдани ҷиноятҳои марбут ба экстремизму терроризм ҷалб карда, баҳри ислоҳи камбудиҳои номбаршуда супоришҳои мушаххас доданд.

Шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (14.02.2018,№54) пурра аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти аср – НБО «Роғун» нақл мекунад. Мақолаҳои «Сарбанд», «Гул кун, баҳори Роғун», «Озмоишгоҳе, ки дар Осиёи Миёна назир надорад», «Кохи нур», «Хориҷиён аз сохтмони Роғун ба ваҷд меоянд» хонандагонро бо паҳлӯҳои гуногуни Неругоҳи барқи обии Роғун шинос месозад.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (10.03.2018,№ 31-32) аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон гузориши муфассали матбуотӣ чоп карда, матни Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар «Шоми дӯстӣ» пешкаши хонандагон намудааст. Нашрия ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11 март таҷлил мешавад, мусоҳиба бо раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуло Исмоилзодаро бо сарлавҳаи «Академияи ВАО такмили таҷриба аст» ва мақолаи Ш.Атобуллоевро «ВАО, журналистика, журналист ва муносибат бо онҳо» чоп кардааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз силсилаи мақолаҳоро бо сарлавҳаҳои «Асолати тоҷиконаи Наврӯз», «Чанд пешниҳоди наврӯзӣ», «Нигоҳе ба Наврӯз ва пешинаи он», «Шоҳи таомҳои наврӯзӣ» чоп кардааст. Муаллифи мақолаи «Айнӣ ва забонҳои китоби дарсӣ» М.Муродӣ навиштааст: «Дар муносибат ба забонҳои китобҳои дарсӣ Айнӣ ба ду ҷиҳат бештар эътибор додааст: парҳез аз такаллуфоти эронӣ ва калимаву ибораҳои арабӣ». Дар идома омадааст: «Аз ибрози андеша ва эродҳои С.Айнӣ зиёда аз навад сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз бархе аз онҳо аҳамияти худро гум накардаанд. Ҳанӯз дар таълифи китобҳои дарсиву васоити таълимӣ мо побанди услуби бегонаем, ба тақлид роҳ медиҳем. Агар Айнӣ аз услуби арабӣ ва ӯзбекии китобҳои дарсӣ изҳори нигаронӣ намуда бошад, имрӯз услуби русӣ ва баъзан эронӣ дар китобҳои дарсии мо афзалият пайдо кардааст. Имрӯз ҳам забон ва услуби китобҳои дарсӣ чандон сода ва равон нест. Имрӯз низ дар дарки баъзе мавзӯоти китобҳои дарсӣ на танҳо шогирдон, балки омӯзгорон мушкилӣ мекашанд…».

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» таҳти унвони «Таърихи нави муносибатҳо» аз ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳо чоп карда, мақолаҳои Завқибек Пӯлодзода «Андар шинохти фарҳанги миллӣ» ва Гулҳаёи Мадимар «Айнишиносӣ дар Ҳинд»-ро пешкаши хонандагон намудааст. Нашрия ба муносибати солрӯзи академик Талбак Назаров мақолаи профессор Ф.Обидов «Сиёсатмадор ва иқтисодшиноси маъруф»-ро нашр кардааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Академик Т.Назаров ҳамчун муҳаққиқи варзида ба масоили рушди илм ва пешравии илмию техникӣ эътибори баланд медиҳад. Хуб медонад, ки ислоҳоти иқтисодиёт ва саноати миллӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақобати шадид идома дорад. Бинобар ин тавассути Академияи илмҳо ва вазоратҳои блоки иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар байни илм ва истеҳсолот алоқаҳои пурсамар вуҷуд дошта бошанд…».

 

Март 15, 2018 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд