Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли орд дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

Март 29, 2018 12:40

ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.

Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд. Дар ин ҷо аксаран коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи истеҳсолот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори саноатии вилоят ва рағбати соҳибкорони маҳаллӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Лозим ба зикри хост аст, ки қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, маблағи фондҳои асосӣ 25,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 13 млн. сомонӣ сармояи корхонаи номбурда, 12,8 сомонӣ сармояи ширкати “АЗК ЕСЕНТАЙ”-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи зикршуда 380 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз мебошад. Дар қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд 25 нафар ба кор фаро гирифта шуданд. Бинои корхонаи нав аз 6 ошёна иборат буда, он калонтарин иншооти истеҳсолкунандаи орд дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона зиёда аз 20 ҳазор тонна гандум захира карда шудааст.

Бояд гуфт, ки ҶДММ “Анҳор” соли 2011 ба фаъолият оғоз карда, таъиноти аслии он истеҳсоли орд мебошад. То ин замон корхона дар як шабонарӯз танҳо 120 тонна гандумро коркард менамуд ва он бо тамғаҳои “Зарзамин”, “Беҳтарин” ва “Махсус” ба харидорон пешниҳод карда мешуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин корхона соли 2017 30 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар ҳамин давра ба 75,7 млн. сомонӣ баробар шуд. Инак, бо ба фаъолият оғоз кардани қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз то 500 тонна пешбинӣ гардидааст. Теъдоди коргарон, ки то ин замон 62 нафарро ташкил медод, акнун ба 100 нафар наздик мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соҳибкор дар оянда нақша дорад дар заминаи ҳамин корхона коргоҳи истеҳсоли макаронро ба роҳ монад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи марҳилаи дуюми қитъаи истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” ташаббуси соҳибкори маҳаллиро барои бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани аҳолӣ муассир арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли орд дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 29.03.2018

Март 29, 2018 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд