Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Март 28, 2018 14:37

ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат дар саҳни ин Маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчамбар гузоштанд.

Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарошон Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама 6,3 ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Барои таҷдиди гулгашт ва бунёди муҷассама дар ин майдон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қариб 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғат ва сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳр табдил дода шудааст.

Масоҳати умумии гулгашти назди Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ 3091 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи майдони мазкур аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» дар вилояти Суғд тарҳрезӣ шуда, пудратчиён ҶДММ «СУ-3» ва ҶДММ «Само» мебошанд. Дар давраи таҷдиди майдон ва гузоштани муҷассамаи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ беш аз 80 нафар сокини маҳаллӣ ва сохтмончиёни соҳибтаҷриба бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Муҷассама бо истифода аз металли ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.

Дар атрофи муҷассама 4 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.

Бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар маркази шаҳри Панҷакент қомат афрохта, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ороиш ёфтааст, ки ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам мекунад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ давоми як сол беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дорои як толори бузург бо 436 ҷойи нишаст, китобхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона, кинотеатр, толори варзишӣ ва утоқҳои корӣ мебошад. Дар Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ инчунин маҳфилҳои гуногун барои омӯзиш ва такмили ҳунару маҳорати ҷавонону наврасон ташкил гардидааст. Ғайр аз ин дар ин макон барои телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ, инчунин дигар ташкилоту идораҳо утоқҳои корӣ ҷудо карда шудаанд.

Дар даромадгоҳи бино ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти 16 ширкати сайёҳӣ аз шаҳри Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мавзеъҳои сайёҳии водии Зарафшон ва армуғонҳо муаррифӣ гардиданд. Дар намоишгоҳ харитаи сайёҳии шаҳри Панҷакент, кӯҳҳои Фон, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои зебои Зарафшон дар қолаб ва пояҳои ягона ба маъраз гузошта шудаанд.

Аз ҷониби ҷавондухтарон ба таври рамзӣ композитсияи бадеии Ҳафткӯл-Ҳафт нозанин намоиш дода шуд.
Дар Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ маҳфилҳои «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ», «Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ», «Санъати тасвирӣ», «Зардӯзию армуғонсозӣ», «Адрасбофӣ ва қолинбофӣ», «Сӯзанидӯзӣ ва қуроқдӯзӣ» ва ҳамчунин китобхона ташкил карда шудаанд.

Дар маҳфили «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ» ба ҷавонон имкониятҳои сайёҳӣ, таърих, маданият, фарҳанг ва урфу одатҳои ниёгон омӯзонида мешаванд. Мақсад аз ташкили маҳфил ҳарчӣ бештар муаррифӣ гардидани имкониятҳои сайёҳии мамлакат мебошад. Аъзои маҳфил Сарвари давлатро бовар кунониданд, ки бо истифода аз шароити мавҷуда дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои сайёҳии мамлакатро ба таври васеъ муаррифӣ менамоянд.

Дар маҳфили «Санъати тасвирӣ» ба наврасону ҷавонон ҳунари рассомӣ омӯзонда мешавад. Дар ин ҷо ҳунари рассомон ва аъзои маҳфил ба намоиш гузошта шудааст. Зимни боздид аз дигар маҳфилҳо Пешвои миллат ба ҳунари аъзои он баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши касбу ҳунар, аз худ кардани илмҳои муосир ва хизмати содиқонаву софдилона ба миллату давлат ҳидоят намуданд.

Дар китобхона беш аз аз 1200 нусха китобҳои гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Ҳамчунин дар ин ҷо барои мутолиаи хонандагон 10 ҳазор нусха китобҳои гуногун ба таври электронӣ пешкаш гардидаанд.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакент барои 150 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардид.

Баъди тамошои Маҷмаа ва фаъолияти маҳфилҳо дар толори калони ин Кохи боҳашамат дар ҳузури Пешвои миллат ва шумораи зиёди ҷавонони шаҳри Панҷакент барномаи мукаммали фарҳангӣ бо фарогирии композитсияи адабӣ-мусиқии «Ёди бузургон», суруду таронаҳои наврӯзӣ ва рақсҳои ҷолиби диққат намоиш дода шуд.

Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон суҳбати самимӣ ороста, пешниҳод намуданд, ки ин Маҷмаа ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шавад.

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 28.03.2018

Март 28, 2018 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид