Ҷиноятҳои коррупсионӣ ба иқтисодиёти давлат хавфи азим доранд

Март 2, 2018 14:56

ДУШАНБЕ,  2.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста мегардонад ва обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад. Маҳз чунин нишонаҳо сабаби поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегарданд. Ин нуктаро сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Бозоров зимни вохӯрӣ бо муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунзода иброз дошт.

Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазир нисбат ба коррупсияро ҳамеша тақвият бахшад.

Шодком Турсунзода зикр кард, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо истифода аз ваколатҳои қонунии худ ба ин раванд таъсири бештар расонида, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро сари вақт гиранд ва вазъиятро дар ин самт беҳтар намоянд.

«Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад», -афзуд Шодком Турсунзода.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар ҷумҳурии мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва бурдани муборизаи самаранок бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шавад.

Март 2, 2018 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид