Иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Март 23, 2018 04:24

ДУШАНБЕ, 23.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анҷоми муваффақонаи муколамаи нахустин бахшида ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” қаноатмандию нишоти худро иброз доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки мо бояд ҳамеша саъйу талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об, ҷоннок намоем.

Аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ изҳори нигаронию ташвиш намуда, Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд. Дар ҳодисаҳои табиӣ талафоти ҷонию молӣ ва иқтисодӣ ба мушоҳида мерасанд, ки бисёр нигаронкунанда мебошад.

Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад. Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст. Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳиммияти чунин стратегияро таъкид менамояд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳимми рушди устувор ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилоту созмонҳои бонуфуз ва коршиносон барои ҳамкории пурсамар бо Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳои кишвари мо изҳори сипос карданд.

Март 23, 2018 04:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд