Изҳороти муштараки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз

Март 15, 2018 18:13

15.03.2018, Қазоқистон

Мо, Президентҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон халқҳои Осиёи Марказиро бо ҷашни умумии тамоми минтақаамон – Наврӯз табрику муборакбод мегӯем.

Махсус таъкид менамоем, ки 23 феврали соли 2010 ин ҷашн бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардида, аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният ворид карда шуд.

Ҷашни Наврӯз дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ рамзи эҳё ва бедории табиату ҷомеа, поксозии маънавӣ ва худидоракунии инсон мебошад. Ин ҷашни фархунда некӯаҳволӣ, ваҳдат, бародарӣ ва дастгирии мутақобила, инчунин тамоми он арзишҳои фарҳангиву таърихии абадиамонро, ки халқҳои моро муттаҳид месозанд, таҷассум мекунад. Ин мероси бузургро, ки аз аҷдодони умумиамон ба мо мерос мондааст, бояд ҳифз намоем ва онро инкишоф диҳем.

Давраи ҷашнгирии Наврӯз дар ҳама давру замон пойдории муносибатҳои инсонӣ ва оилавӣ, робитаҳои дӯстиву накуҳамсоягӣ ва меҳмоннавозии махсус миёни ҳамсоягонро ифода менамуд. Ин ҷашн имрӯз низ барои мамлакатҳои мо, ки бо таърих, фарҳанг, тарзи ҳаёт ва анъанаҳои умумӣ тавъаманд, муҳим аст.

Басо рамзист, ки дар арафаи ин ҷашни умумӣ мо барои ҳамкории минтақавӣ, дастгирии мутақобила, ҳалли муштараки масъалаҳои мубрами марбут ба таъмини амнияту субот ва рушди устувори тамоми минтақаамон изҳори талош менамоем.

Ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи инфрасохтори ҳамлунақлию нақлиётии минтақавӣ, оқилона аз худ намудани захираҳои обу энергетикӣ ва иқтидорҳои озуқаворӣ, рушди саноат ва соҳаҳои коркард, истифодаи технологияҳои пешрафта ва инноватсия дар самти пешбурди иқтисодиёти рақамӣ ба рушди устувори некӯаҳволии мардумони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Дар заминаи масъулияти таърихии худ барои нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои эҳтироми тарафайн, дӯстӣ ва бародарии байни халқҳоямон, мо ба таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаи фарҳангу санъат, маорифу илм, сайёҳӣ ва варзиш даъват менамоем.

Дар арафаи  эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, ҷашни эҳё ва тоза намудани рӯҳ, мо ба мардумони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин ба тамоми мардумони сайёра сулҳу некӯаҳволӣ, фаровонию хушҳолӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандем.

Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон рафоҳату хушнудӣ биёрад!

15 марти соли 2018.

ш. Остона

Март 15, 2018 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд