«КУЛЧАҚАНД – ЛАЗЗАТБАХШИ ХОНИ МО». Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Март 6, 2018 16:35

ДУШАНБЕ, 6.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 марти соли равон, соати 09:00 дар майдони Маркази савдои «Ёвар» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории фестивал- озмун дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арҷ гузоштан ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар мамлакат, мавриди истеҳсоли ҳаррӯзаи дохилӣ қарор додани номгӯи зиёди нону кулчақандҳои тоҷикӣ мебошад.

Анвои гуногуни нонӣ, аз қабили кулчаҳои хурду калон, кулчақандҳо, қалама, фатир, таҳмол, орзуқ, ҳалвои сурху сафед, суманак ва ғайраҳо бо риояи тарзи омода намудани онҳо дар фестивал ба маъраз гузошта мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо баргузор карда мешавад.

 

Март 6, 2018 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад