Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав тадбир меандешад
ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҶДММ «Ноқили ТАЛКО» маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
«Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои зимни ирсоли Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳодшуда фаъолияти худро ба роҳ монда, барои дар амал тадбиқ намудани онҳо тадбирҳои қатъӣ меандешад. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудаанд»,- зикр гардид дар ҷамъомад.
Масъулин иброз доштанд, ки соли сипаригардида чун Соли ҷавонон, таҷлили сазовори 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ соли бобарору пурсамар, амалисозии ташаббусҳои нави ҳизбӣ, эҷод ва истифодаи технологияи нави таблиғотӣ дар давраи маъракаҳои сиёсӣ, баланд гардидани нуфуз ва устувории мавқеи сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Имсол низ нақшаҳо зиёданд ва ин аз ҳар як узви ҳизб фаъолнокию ташаббускорӣ талаб менамояд.
Дар маҷлис як гурӯҳ аъзои ҲХДТ барои саҳми арзанда дар корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






