Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: дар натиҷаи боришоти рӯзҳои охир 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд
ДУШАНБЕ, 1.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бориши барфу борони шадид ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кӯҳиро ба мушкил рӯ ба рӯ намуда, 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Рӯдакиро зери об монд. Роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангворро резиши санг ва роҳи Душанбе-Хуҷандро лағзиши тарма муваққатан баст.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, неруҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бартараф намудани оқибатҳои барфу боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як зумра ноҳияҳои мамлакат равона шудаанд.
Чунончӣ, 26 феврали соли равон бар асари боришот дар километрҳои 17-18-уми роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангвор, дар наздикии деҳаи Посуни Ҷамоати Чилдараи ноҳияи Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он роҳ баста гардид. Кормандони шуъбаи КҲФ дар минтақаи Рашт ва хадамоти роҳ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои тоза кардану боз намудани роҳи масдудшуда 3 адад техникаи махсус сафарбар шуд. Дар айни замон корҳо барои бартарафсозии оқибатҳои офат идома доранд.
Соати 20:00 дар километрҳои 69-70 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тарма фаромад, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Хадамоти роҳи ширкати IRS бо ҷалби ду адад техника роҳро тоза кард ва ҳоло ҳаракати мошинҳо дубора шурӯъ шудааст.
Инчунин 27 феврали соли равон соати 03:50-и субҳ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва деҳаи Сабзаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ сатҳи оби дарёи Ромит боло рафт ва бар асари он 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд.
Кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе якҷо бо намояндагони хадамоти дахлдори коммуналии ноҳияи Шоҳмансур бо ширкати сокинони маҳаллӣ корҳои тозакунӣ ва соҳилбандӣ анҷом доданд.
Дар айни замон оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шудаанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






