Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ Овози»-ро қардшиносӣ намуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат дар нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» ҷамъомад доир гардид. Дар он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ширкат варзида, аҳли қаламро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз рӯзномаи «Халқ овози» хабар доданд.
Зикр шуд, ки мавсуф дар бораи фаъолияти рӯзномаи ӯзбекзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Халқ овози» сухан гуфта, нақши онро дар тарғиби сиёсати сулҳпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки рӯзномаи «Халқ овози» дар тараннум ва таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши намоён дорад. Ҳамаи ин заҳматҳо самараи фаъолияти фидокоронаи ҳайати таҳририя, махсусан сармуҳаррири рӯзнома Ёқубҷон Абдуманонзода арзёбӣ гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Олим Салимзода Ифтихорномаро дар вазъияти тантанавӣ аз номи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба соҳибаш супорид.
Таъкид гардид, ки ин мукофот нишонаи қадршиносӣ аз заҳматҳои ҳайати эҷодии нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






